Комроншоҳ агар дар “Тоскулоҳи бузург” лат намехӯрд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

 

Мусобиқоти байналмилалии ҷудо аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2017) дар пойтахти Ҷопон — шаҳри Токио – ду рӯз идома кард.

Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо муаррифӣ карданд, ба ҷоизаҳо дастрасӣ карда натавонистанд.

Акмал Муродов дар вазни тои 81 кило аз рақобатҳо дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Дагвасурен Нямсурен, гуштигири маъруф аз Муғулистон, шикаст хӯрд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило дар даври аввал бар Ли Кочман аз Исроил пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Ҷопон Юсуке Кобаяши мағлуб гашт. Аз аввал Комроншоҳдар ин набард пешсафу муваффақ  буд, вале нохост аз қабурғааш лат хӯрда, довар ӯро аз идомаи қувваозмоӣ маҳрум сохт.

Саидҷалол Саидов бошад, дар даври аввали рақобатҳо дар вазни то 100 кило озод буд, дар даври дувум ба Тома Никифоров (Белгия) бохт.

Ба ин тартиб, бо мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Токио мавсими имсола барои зӯртарин паҳлавонони ҷаҳон ба поён расид.

Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 32 медал (12 медали тилло, 7 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ) бо назардошти натиҷаҳои нишондодаи мардону занон ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Муғулистон бо  4 медал (1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ)  дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 6 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) 3-юми декабр хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 412 варзишгар (238 марду 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қитъаи олам баргузор шуд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply