Истиқболи Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ҶАҲОН

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз соати 1 то 2-и шаби 14 ноябр. Садҳо нафар ҳаводорони варзиш – роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, устодон омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи  Саидмуъмин Раҳимов баҳри истиқболи самимӣ аз қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон дар Сочи-2017 Беҳрӯз Хоҷазода интизорӣ мекашиданд. Он чизе, ки бинандаро пеш аз ҳама ба худ мекашид, ин лавҳаи хеле мунаққашу зебои ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода  буд. Садои карнаю сурнай ва таблу доира ба ҳамоиши мухлисони варзиш шукӯҳу шаҳомати хос зам мекард.

Дар дили шаб хоб аз чашми садҳо нафар парида, ҳама ба истиқболи парчамбардори хақиқии миллат Беҳрӯз Хоҷазода интизори мекашиданд. ​ Барои масъулин ҳозир шудани мардуми зиёд дар ин маросим ғайринтизор буд ва аз ҷамъомадагон хеле хоҳиш мешуд, роҳро барои паҳлавонон боз ва тартиботро риоя кунанд.

Беҳрӯзро аз рӯи анъанаҳои миллӣ пешвоз гирифтанд: ба сараш тоқӣ ва ба танаш ҷомаи зардӯзӣ пӯшонданд. Беҳрӯз дар мавриди усули лат додани даст аз сӯйи рақибаш, ки барои ҳама мардуми ҷамъомада ҷолиб буд, вай гуфт. “Вақте ӯ аз ин усул истифода кард, ҳисси миллӣ маро фаро гирифт, ба табло нигаристам, ки 19 сонияи дигар вақт буд ва тоқат кардам.”

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиш зимни истиқболи варзишгарон нишони тиллои сабқати ҷаҳонии самборо ба тамоми мардуми тоҷик табрик гуфт ва афзуд: “Умедворем, варзишгарон аз ин дастовари Беҳрӯз илҳоми тоза мегиранд ва барои муваффақиятҳои бештар талош хоҳанд кард”.

Падари Беҳрӯз Саъдулло Хоҷаев гуфт,ки омодагии ҷиддӣ ва талошҳои Беҳрӯз, ки ба 3 навъи варзиш самбо, дзюдо ва миллӣ машғул аст, онҳоро ба ин пирӯзӣ умедвор карда буд.

Хайрулло Назриев, раиси федератсияи самбои Тоҷикистон ва муовини раиси шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» гуфт. “Ман умед доштам дар ин мусобиқа Акмалиддин Каримов дастболо мешавад ё Набимуҳаммад Хоркашов. Чун инҳо 5 — 6 маротиба аст то зинаи дуввум расида буданд. Онҳо ҳам пирӯз шуданд ва бовар дорам оянда ба ин унвон ҳам даст меёбанд.”

Маҳмадшариф Сулаймонов, паҳлавони маъруф ва муррабии варзидаи гуштӣ гуфт, варзишгарони тоҷик метавонисанд ҷоизаву унвонҳои  бештар ба даст оранд, вале ба гуфтаи ӯ дар чанд маврид дар ин бозии ҷаҳонӣ, доварон ба иштибоҳ роҳ доданд ва ноҳақӣ карданд. “Дар қувваозмоии вазни 52 килло паҳлавони мо хеле хуб баромад кард, аммо доварон паҳлавони Русияро датсгирӣ карданд. Хушқадам Хусрав ҳам ҷойи саввумро мегирифт. Вале бозии ӯро ҳам ба манфиати паҳлавони рус анҷом доданд.”

Набимуҳаммад Хоркашов, паҳлавони маъруфи дигари самбои тоҷик, ки баъди як баҳс  бо мушкилоту танҳо ба мусобиқа расида буд, зимни бозгашти мунтахаби кишвар  ҳамроҳӣ онҳо набуд. Ӯ гуфтааст, барои чанд рӯзи дигар дар Маскав мемонад.

Самбочиёни тоҷик аз чемпионати Сочи бо 5 нишон, як тилло ду нуқра ва ду биринҷӣ баргаштанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply