Дилшод Назаров дар мавсим сеюмин шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Мавсими навбатии силсиламусобиқа оид ба гурзпартоӣ — IAAF Hammer Throw Challenge ба фарҷом расид. Пешгоми мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук  Дилшод Назаров дар ҷамъбасти 9 силсиламусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардид.

Нахустин ва асосӣ чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон буд, ки ба қарибӣ баргузор шуд ва дар он Д. Назаров гцрзро ба масофаи 77,22 м партофта, мақоми ҳафтумро касб кард.

Ғолиби мавсими гурзпартоӣ варзишгари  лаҳистонӣ Павел Файдек бо 248.48 хол дониста шуд. Ҷойи дуюмро ҳамватани ӯ  Войсех Новитский (236.32 хол) ва зинаи сеюмро  Дилшод Назаров (231.40) ишғол намуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply