Чемпионҳои ӯзбек пардохтҳои якумра хоҳанд гирифт

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 августи соли равон тартиби ҳавасмандсозии варзишгарони ватаниро, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастовардҳои назарасро ноил шудаанд, тасдиқ намудаст.

Тавре сомонаи uzbekistan24.uz. иттилоъ медиҳад, ин муқаррароти президенти Ӯзбекистон аз 1 январи соли оянда татбиқ хоҳад шуд ва варзишгарони ватании дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастовардҳои назарас ба дастоварда ҳар моҳ маблағи муайяне гирифта, ба мураббиёнашон мукофотпулии якдафъаина дода мешавад.

Бар замми ин, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ як бор дар як сол дар муҳлати дилхоҳ метавонанд сиҳатиашонро дар муассисаҳои санаторӣ-шифоии Вазорати тандурустӣ, федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва дигар сохторҳо барқарор намоянд.

 

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply