Бозиҳои Осиё: Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 23 расид

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ХАБАРИ ТОЗА

 

21 сентябр, дар рӯзи шашуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ,  варзишгарони тоҷик 5 медал – 3 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Медалҳои нуқраро дар намуди кураш Беҳрӯз Хоҷазода (вазни -73 кг), дар намуди гуштии паҳлавонӣ Фарҳод Анақулов (вазни +90 кг) ва дар намуди куреши қазоқӣ Каримзода Эмомназар ба даст оварданд. Медалҳои биринҷиро Хушқадам Хусравов (-66 кг) дар намуди кураш ва Масрур Миралишоев дар гуштии паҳлавонӣ сазовор шуданд. Хушқадам баъд аз ду пирӯзӣ бар Ҳай Нгуйен (Ветнам) ва Алӣ Ҳодӣ Ал-Шадидӣ (Сурия) дар даври нимфинал аз варзишгари Туркманистон Марат Оразов шикаст хӯрд.

Дар варзиши таэквандо Манучеҳр Неъматов (-54 кг сазовори медали нуқра гардид.

Имрӯз мусобиқот оид ба шоҳмот оғоз шуд. Чор варзишгари мо – Мутриба Ҳотамӣ, Надежда Антонова, Алишер Каримов ва Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев рақобатро дар намуди инфиродӣ оғоз карданд. Дар даври аввал танҳо Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ғалаба кард. Дар даври дуюм Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва Мутриба Ҳотамӣ мағлуб шуданд, Надежда Антонова ва Алишер Каримов ғалаба ба даст оварданд.

Дар намуди вазнбардорӣ варзишгарон Илҳомҷон Шукуров ва Рамоилҷон Забиров иштирок намуданд, аммо аз медал маҳрум монданд.

Варзишгарони мо баъд аз ҷамъбасти рӯзи шашум соҳиби 23 медал — 4 нуқра ва 19 биринҷӣ шуданд. Тоҷикистон миёни 65 дастаи иштирокчӣ мавқеашро дар ҷои 25 нигоҳ дошт. Кишвари мизбон – Туркманистон, ки 148 медал (59 тилло, 43 нуқра, 46 биринҷӣ) дорад, дар ҷои аввал аст. Эрон бо 52 медал (16-9-27) дар мақоми дуюм ва Тайланд бо 39 медал (13-12-14) дар ҷои сеюм қарор доранд. Умуман варзишгарони 32 давлат то имрӯз соҳиби медал ва варзишгарони 24 давлат соҳиби медали тиллои бозиҳо гардидаанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply