Ғалабаи дигари «Ҳосилот»-у «Регар-ТадАЗ»

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

12-13 март бозиҳои даври дуюми марҳилаи аввали  Чемпионати 26-уми Тоҷикистон  байн дастаҳои лигаи олӣ доир шуданд.

«Хуҷанд» дар майдони худ дастаи меҳмон — «Вахш»-ро бо ҳисоби  2:0 мағлуб сохт. «Регар-ТадАЗ»  бошад, ба дарвозаи «Барқчӣ»,  ки имсол аз ҷониби «Барқи тоҷик» сарпараст пайдо намуда, имсол шаҳри Ҳисорро муаррифӣ мекунад, як тӯб ворид карда, ду холи гаронбаҳо ба даст овард ва ба зинаи дуюми мусобиқа баромад.

Бо сабаби аз даври дуюм фориғ будани «Истиқлол», ки ба вохӯрӣ бо «Дордой»-и Қирғизистон барои Ҷоми КФО тайёрӣ мебинад,    «Ҳосилот» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тими «Панҷшер»-ро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст дод. Пирӯзии дуюм ба футболбозони Фархор имконият дод, ки бо 6 хол ба сари ҷадвал барояд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply