Ҳабиб Нурмагомедовро ғафсу сустҳаракат гуфтанд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ҶАҲОН

Дорандаи унвони муваққатии Чемпиони мутлақи мусобиқаи чемпионӣ (UFC) дар вазни сабук варзишгари амрикоӣ Тони Фергюсон ҷангии Русия  Ҳабиб Нурмагомедовро танқид намуда, дар Twitter-аккаунт навиштааст: «Ҳабиб, ту ҳанӯз ҳам ғафсу сустҳаракат ҳастӣ. Ту ҳатто ба вазн мутобиқ шуда натавонистӣ. Шояд туро лозим аст, ки диетологатро иваз намоӣ – пешинааш аз ту соя сохт. Ин ба фоидаи в чемпион нест охир».

31 декабри соли  2017 Нурмагомедов бо қарори якдилонаи доварон бар ра ғолиб дониста шуд. Қабл аз муҳориба Ҳабиб изҳор дошт, ки ғолиби набард бо  Фергюсон барои  унвони мувақкатии чемпион дар вазни сабук вомехӯрад.

Набард барои унвони мазкур байни Нурмагомедов ва Фергюсон бояд 5 марти соли  2017 баргузор мешуд, аммо чанд соат пеш аз вазнкашӣ Ҳабиб барои кам кардани вазн ба госпитал хобонда шуда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply