4 медали тиллои варзишгарони сабуки Тоҷикистон

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ХАБАРИ ТОЗА

Аз Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба ВАЮ иттилоъ доданд, ки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Ӯзбекистон бахшида ба хотираи Мураббии шоистаи Ӯзбекистон В.В.Андреев 4 медали тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ  оварданд.

Мусобиқаи мазкур аз 10 то 12 июн дар шаҳри Тошканд баргузор шуд ва дар он 350 варзишгар аз кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон в Қирғизистон дар давидан ба масофаҳои гуногун, аз ҷумла бо монеаҳо, ҷаҳидан ба дарозию баландӣ, гурзандозӣ, дискпартоӣ, гулӯлапартоӣ ва найзапартоӣ қувва озмуданд.

Медалҳои тилло  Александр Пронженко дар масофаи 200 м (натиҷа — 21,80), Кристина Пронженко – дар масофаҳои 400 м (55,33)  ва 400 м бо монеаҳо (59.93) ва Одилшоҳ  Исматовро дар масофаи  800 м (1:54,93) зеб дод.

Алишер Пӯлодов (400 м б/м) — 53.50, Ҳусниддин Зарифов (ба баландии 1.95 м), Фаридун Ашуров (диск- 45.36 м), Абдурауф Мӯсоев (гурзандозӣ — 57.25 м), (Даврон Атабаев, Фаворис Музрапов, Нуриддин Қурбонов, Александр Пронженко дар  эстафетаи 4х100 м (42.11сония) медлҳои нуқра гирифтанд.

Медалҳои биринҷиро Даврон Атабаев (100 м — 10,88), Ҳасан Ёқубзода (800 м — 1:56,51), Зоир Шералиев (гурзандоз — 57.13 м) ва Зафарҷон Ҳасанбой (роҳравии варзишӣ ба 10 км — 54:04,34) соҳибӣ карданд.

Бояд гуфт, ки дастоварди порсолаи варзишгарони сабуки Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳамагӣ 1 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ буд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply