заҳролудшавӣ инкор гардид

Слайдер, Тандурустӣ

Вокуниш ба «Панҷ нафар аз «Спрайт» заҳролуд шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавриди чопи маводи «Панҷ нафар аз «Спрайт» заҳролуд шуд»дар санаи 11 октябри соли 2017 дар сомонаи pressa.tj   маълумоти зеринро пешниҳод менамояд.

Дар ҳақиқат санаи 07.10.2017 сол соати 1620 дақиқа бо аломатҳои қайкунӣ, рагкашии мушакҳо, беҳушавӣ ва ташаннуҷ ба шуъбаи қабули Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор 5 хонандаи синфи 8-9-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №30 ҷамоати Дарқад, деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор муроҷиат намудаанд. Дар рафти муоинаи духтурони соҳавӣ бо ташхиси заҳролудшавӣ аз маводи номаълум бистарӣ гардиданд.

Барои машварат аз Маркази токсикологии ҷумҳурӣ мутахассис токсиколог даъват шудааст. Пас аз муоинаи токсиколог ташхиси заҳролудшавӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ инкор гардида, ташхиси заҳролудшавӣ аз маводи номаълум гузошта, табобати мақсаднок таъин карда мешавад. Тибқи супориши духтури токсиколог аз рӯи аломатҳои беморон санҷиши лабаратории пешоб ва боқимондаи оби меъда таъин карда шуда, дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббии судӣ таҳлилҳо анҷом дода шуданд.

Натиҷаи озмоиши судӣ-кимиёвии маводҳои биологии зикргардида нишон медиҳад, ки пайвастагиҳои фосфордор (ФОС) дар маводҳои биологӣ дарёфт карда нашудааст.

Натиҷаи ташхиси кимиёвӣ ва микробиологӣ манфи арзёбӣ гардида, дар боқимондаи пасобҳои меъдаи беморон пайвастагиҳои фосфордор (ФОС) ва барангезандаи бемориҳои сироятӣ дарёфт нашуд.

Айни ҳол ҳолати саломатии беморон миёна арзёбӣ шуда, 3 нафари онҳо аз беморхона дар ҳолати хуб рухсатӣ гардида, 2 нафари дигар омодаи рухсатӣ мебошанд.

 

Муовини вазир М. Камолзода


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “заҳролудшавӣ инкор гардид

  • Чи хел хулосаи хандаовар? Пас, муайян кунед, ки натичаи захролудшави дар чист??? Ё аллакай ширкати Спрайт ба дахонатон «мухри пули» зад?

Leave a Reply