Нексиришт

Слайдер, ҲУҚУҚ

                               Назаргоҳи гиребонаш зи чоки мард мардона,

                        Балои сайди дил аз синаи бозе, ки медонӣ.

Худованд ҳамеша барои кафши асрори нуҳуфтаи олами офаридааш шахсонеро низ ба дунё меорад, ки онҳо умри ширинашонро ба он бахшида, пайваста шабу рӯз дурри маънӣ ҷуста онро ба рӯи қоғаз оварда, дар ташаккули касбию ахлоқӣ ва ҷаҳони маънавии ҳазорон таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Яке аз ҳамин гуна мардони фурӯтан, нексиришт сиёсатмадор, бунёдгари гумруки миллӣ ва илми он, номзади илми иқтисод Худойқул Ҳамроқулов — шахсест, ки тамоми ҳаёти пурсамари хешро барои рушди кишвари азизамон ва кадрҳои ватанӣ бахшидааст. Бартарияти фаъолияти амалӣ ва илмии устод дар он аст, ки ӯ ҳам муҳаққиқ ва ҳам иштирокчии фаъоли таъмини бехатарӣ ва  рушди иқтисодиёту  соҳаи гумрук дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад:

                                 Қиммати мард на ба симу зар аст,

                            Қиммати мард ба илму ҳунар аст.

     Дар ҳар давру замон бо родмардони неке ба мисли Худойқул Ҳамроқулов вомехӯред, ки  тамоми ҳастии хешро ба хизмати мардум бахшидаанд ва дар ҷодаи ҳурмату иззат ҷойи хосаеро ишғол менамоянд. Устод мактаби амалӣ, илмӣ ва пажӯҳшгариреро гузаштаанд, ки сару по омӯхтани он  барои ҳамагон ҳам фарзу ҳам суннат аст, зеро роҳи тайкардаи устод саросар дарси зиндагӣ ва матонат аст.

            Ба сурудаҳои шоире гӯш дода хаёл мекунам, ки онҳо маҳз барои чунин устод суруда шудаанд:

                 Осмон моро тақозо мекунад,

                 То бароем аз ҳади хеш,

                    Мисли он дарёгарди дарёҳои дерин,

                  К-ӯ баромад аз ҳаду сарҳади дунёи дерин….

Солҳое устоди бузург Худойқул Ҳамроқулов ҳамчун омӯзгор ва олими соҳаи назарияи иқтисод ва бунёдгари гумруки миллӣ оиди дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондану тайёр намудани кадрҳои соҳаи гумрук ва ҳамчун иқтисоддон бевосита тавассути асарҳои илмию таълимияшон ҳиссаи беназир гузоштаанд.

Муҳимияти бо кадрҳои ватанӣ таъмин намудани хадамоти гумрукро ба назар гирифта,  моҳи сентябри  соли 1995 таҳти роҳбарии  устод Худойқул Ҳамроқулов дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин шуда тайёр намудани кадрҳои гумрукӣ шурӯъ шуд. Бори аввал 30 нафар кормандони гумрук дар асоси шартнома ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Гарчанде, ки дар он солҳо адабиётҳои таълимӣ ва маводҳои амалӣ намерасиданд, устод ҳиссаи беназири хешро барои дастрас ва чоп намудани ин маводҳо расонидаанд. Инчунин дар якҷоягӣ бо устодони кафедраи «Молия ва гумрук»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, хусусан профессорон Бобоев О. (собиқ ректор), Катаев А.Х. (аввалин профессори кафедра (рӯҳашон шод бод!), Нурмаҳмадов М. (собиқ муовини ректор оид ба илм (рӯҳашон шод бод!) ва банда (аввалин мудири кафедра) устоди нексиришт барои пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи гумрук шурӯъ намудем. Имрӯз бояд қайд кард, ки мактаби илмии гумрук дар ҷумҳурӣ ҷойи назаррасро ишғол менамояд. Дар он солҳо вазъияти мавҷударо ба назар гирифта устод кӯмаки хешро барои дастгирии молиявии устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дареғ намедоштанд.

  Устоди бузург ҳамеша бо каломи беканори панду насиҳатҳои судманди хеш дар хусуси одаму одамгарӣ, муносибати ҷиддӣ ба тарбияи насли наврас, босалиқаву ибратомӯз будани амали омӯзгор, одам будан, оинаи мардум шудан, саводи мукаммалу боварибахш пайдо намудан ва амсоли инҳо барин таъкидҳояшон дар байни аҳли зиё фарқ мекунанд.Устоди гиромиқадр Худойқул Ҳамроқулов мефармоянд, ки «Олим бояд боимону боинсоф, бекинаву бенадомат, донишманду ҳақиқатҷӯ, сахтгиру тоқатовар бошад, мунтазам кӯшиш намояд, ки шогирдони боақлу бофаросат ва ҷӯяндаву ёбанда тарбия намояд ва билохира аз меҳнати худ ифтихор кунад».

Гуфтори дигари устод боиси омӯзиш аст: «Имрӯз, ки қувваю қобилият дорам ва Худо насиби ман бардамиро раво дидааст, чаро фаъолият накунам ва илм наомӯзаму китобҳо нанависам? Ман ҳоло нияту орзуҳои калон дорам, ки онҳоро ҳанӯз ба сомон нарасонидаам. Инсон дар иҷрои майлу маромаш бояд устувор бошад, аз миёнароҳи амалаш қафо нагардад». Ё ин ки «Ман дар интихоби касб хато накардаам. Кору амали ман таъмини бехатарии кишвар ва боигариҳои он, инчунин ҳимояи инсон аст. Замона ба одамони наҷибу донишманд ниёз дорад ва тарбия намудани чунин инсонҳоро ба дӯши мо устодон гузоштааст ва мо бояд дар тарбияи ин гуна шаҳрвандон саҳм дошта бошем».

                Мардон зи дарди дил ба дармон расидаанд,

                  Ҷоно нигаҳ дор дили бузургро…

Ман хато намекунам, ки ӯро устоди устодони  донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ва гумрукчиёни кишвар ном барам. Оре, Худойқул Ҳамроқулов дар соҳаи амният ва гумрук кори бобарор карда тавонист ва меҳнати ӯ маҳсули зиёд бардошт. Туфайли меҳнати бобаракаташ шогирдони баркамол, боқадру босалоҳият, номбардорони миллатро тарбия намуд ва аз онҳо ифтихор  менамояд.

Худойқул Ҳамроқулов олими забардасту шинохтаи соҳаи иқтисодиёт аст. Асарҳою мақолаҳои ӯ дар мамлакат ва берун аз он маълуму машҳуранд. Баъзе асарҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, англисӣ ва русӣ ба таъб расидаанд.

Устод Худойқул Ҳамроқулов яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи илм ва гумруки  ҷумҳурӣ мебошад. Амалу рафтори одилона ва оқилонаи устод, сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва серталабӣ, хоксорию поквиҷдонӣ, меҳру муҳаббати беандоза ба касб, қобилияти баланди ташкилотчигӣ, сахтгирию меҳнатдӯстӣ ва муносибати ҳалимонаи ӯ ба атрофиён барои ҳамкасбону шогирдон ва мардум намунаи ибрат аст. Олими нуктасанҷ масъалаҳои иқтисодиёти гумрук  ва нақши онро дар ташаккули рушди савдои байналмилалии кишвар амиқу дақиқ ба риштаи таҳлил кашидааст.

                    Зиндагӣ моро имтиҳон дорад,

                    То он ки худро дар канори нотамоме ёбем.

                    Ба дигарон чунон дарди дил гӯем,

                      Ки натавонем ба дӯстон гуфтан….

Ба ӯ ҳаваси кас меояд. Зиндагиро бо ҳама буду набуд, пастиву баландияш хело дӯст медорад ва барои он ки зиндагӣ сермаъно шавад, талош ва сайъ мекунад, ки аробаи зиндагии ӯ пайваста дар ҳаракат бошаду лаҳзае қарор нагирад.

Ба устод сиҳатмандӣ ва пирӯзӣ орзу менамоям ва бо суханҳои шоир гуфтаниям:

      Устод набошад, ту чӣ донӣ  суханаш чӣ?

                             Устод набошад, ту чӣ донӣ  рақамаш чӣ?

                             Устод набошад, ту чӣ донӣ  қаламаш чӣ?

                             Дар қайди ҳаёт омадану  зистанаш чӣ?

Ё ин ки:

  Гар мо ба гарди домани марде намерасем,

  Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад.

                           Раҷаб Раҷабов,

                          доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,

аълочии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон,

                муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии тиҷорати

Тоҷикистон.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply