Духтарчаи 12- сола аз марди 40- сола ҳомиладор шуд

Слайдер, ҲУҚУҚ

Дар Хитой духтарчаи 12- сола аз марди 40 сола ҳомиладор шуда, ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афтод ва мавриди назари журналистон қарор гирифт.

Ин марди 40-сола духтаракро ба беморхона оварда ба табибон дурӯғ гуфтааст, ки вай ҳамсараш буда, 20- сола мебошад, вале доплер дурӯғи ӯро фош месозад. Табибон ҳанӯз пурра инкишоф наёфтани узвҳои дарунии ӯро тавассути ин таҷҳизоти замонавӣ муайян намуда, ба хулосае омаданд, ки духтарак на 20- сола, балки ноболиғи 11-12- сола буда, ҳанӯз ба таваллуд кардан омода нест. Аз суолҳои пай дар пайи духтурзанҳо дар бораи синну соли ҳамсараш марди 40- сола асабонӣ шуда, моҷаро бардоштааст, ки ҳамсараш 20- сола аст, вале бо сабаби резапайкар буданаш ба чашм кӯдак барин менамояд, вале табибон ба суханони ӯ бовар накарда, дарҳол ба полис хабар доданд.

tahhis

Пулиси шаҳри Чин ин марди 40- соларо аз беморхона боздошт намуд. Баъдан маълум гашт, ки ин марди муштзӯр  духтарчаро зӯран таҷовуз намуда ҳомиладор кардааст ва сипас бо мақсади исқоти ҳамл ӯро ба беморхона овардааст. Нисбати ин ҳодиса  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтишоти қазия идома дорад.

Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • агар аз расонахо хабар дор бошед, пулиси шахри русия , пулиси шахри ветнам, пулиси шахри НЮ-Ёрк меган, наинки пулдиси кишвари Чину пулиси кишвари Афгонистон. Ин як чои хатогияш нест, нигохбону

Leave a Reply