Зулия Раҷабова: Ду президентро мекушанд ва сеюмаш фирор мекунад

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Ғолиби сабқати «Битва экстресенсов” дар телевизиони ТНТ Зулия Раҷабова пешбинӣ кардааст, ки дар соли 2017 се президенти кишварҳои Шӯравии собиқро бо зӯр аз қудрат барканор мекунанд, Ба пешбинии ин фолбин, ду президентро мекушанд ва якеи дигар аз кишвараш фирор мекунад.

Зулия(Зулайхо) Раҷабова, фолбини шинохтаи зодаи ҷумҳурии Доғистони Русия ва ғолиби сабқати дуюми «Битва экстресенсов” дар шабакаи телевизионии ТНТ пешбинӣ кардааст, ки дар соли 2017 дастикам се раҳбари аввали кишварҳои пасошӯравиро бо зӯр аз қудрат барканор мекунанд.

Зулия Раҷабова, ки ба гуфтаи худи ӯ, 9 пушташ фолбин гузаштааст, мегӯяд, дар соли 2017 вазъи сиёсӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ тағйир ёфта, аксари ин кишварҳо дучори таҳаввулоти ҷиддие мешаванд, ки ба роҳи ояндаи онҳо таъсири бузург хоҳад расонд: «Дар натиҷа, 3 раҳбари кишвар бо роҳи табаддулоти давлатӣ сарнагун карда мешаванд: Ду нафари онҳо кушта мешаванд ва якеи дигар аз кишвараш мегурезад. Вале ин раҳбари фирориро сарнавишти талхе дар пеш аст: Дар ҳамаи кишварҳои дунё ӯро як ҷинояткори мудҳиш хоҳанд шумурд ва аз ин рӯ касе бо вай сару кор гирифтан намехоҳад. Ӯ раддимаърака хоҳад шуд: Ҳама нафраташ хоҳанд хонд ва танҳояш хоҳанд гузошт. Вале зиндагии ӯ ҳам дер давом намекунад.”

Зулия Раҷабова мушаххасан нагуфт, ки кадом се кишвари Шӯравии собиқ имсол метавонанд дучори чунин табаддулоти давлатӣ шаванд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply