Зан Сурияро аз шавҳараш пеш донист

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ҳамза Тӯрабеков – сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод – ҳаргиз хаёл намекард, ки рӯзе ҳамсараш Турғуной ба хотири ҷанг дар Сурия ӯро тарк карда ва чор фарзандашро низ бо худ мебарад.

Тӯрабеков мегӯяд, замоне, ки ба далели садамаи нақлиётӣ дар маҳбас ба сар мебурд, ҳамсараш ҳамроҳи фарзандон аввал ба Русия ва сипас ба майдонҳои ҷанги Сурия рафтаанд. «Аз он замон то кунун ду сол гузашт. Ҳамсарам писари хурдии хонадонро бо қасами онки “ширашро намебахшад” ва нияти таҳсил ба Маскав бурда буд», — ба ёд меорад Тӯрабеков.

Вай мегӯяд, ҳамсараш баъди ба Сурия рафтан ӯро низ тавассути телефон ба майдонҳои ҷанг даъват кард, аммо баъди шунидани посухи рад, талоқ хост. «Пас аз онки даъвати ба Сурия рафтанро рад кардам, духтараму домод ва модараш занг заданро бас карданд. Фақат писари хурдиам – Асилбеки 18-сола то моҳи Рамазони гузашта занг мезад. Ҳоло тамоси ӯ ҳам қатъ шудааст. Бисёр мехостам, ки Асилбеку хоҳараш Нодирабегими 24-сола ба ватан биёянд, зеро дар Сурия ҳайф хоҳанд шуд», — гуфт ӯ.

Моҳи октябри соли гузашта хабари кушта шудани ду писари калониаш – Худоёрбеки 26-сола ва Элёрбеки 20-сола дар Сурия ба ӯ расидааст. Ҳамза Тӯрабеков, ки ба қавли худаш дар як лаҳза зиндагии тақрибан 30-сола бо ҳамсару фарзандонро аз даст дод, ҳаётро аз сифр шурӯъ кард. Аз нав оила барпо кард ва ба қарибӣ соҳиби кӯдак шуд. Як духтар ва як писари ҳамсари наваш низ ҳамроҳи онҳо зиндагӣ доранд.

Ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод бо ноҳияи Бекободи Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Номи ин минтақа моҳи декабри соли 2016, замоне дар сархати расонаҳо қарор гирифт, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аксу маълумоти 4 фарзанди Ҳамза Тӯрабековро нашр ва онҳоро ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам кард.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply