Туйи бошукӯҳи ҷияни навбатии миллиардер (Видео)

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Чанд рӯз боз дар сегменти узбекии шабакаҳои иҷтимоии Интернет як мавзӯи асосии вирди забонҳо тӯйи пурдабдабари ҷияни миллиардери узбектабор Алишер Усмонов аст. Ганя Усмонова бо теннисбози шинохтаи узбекистонӣ Важа Узоқов издивоҷ кард. Дар видео дида мешавад, ки домод баъди рақси валс домани дарози пироҳани арӯсро бо пояш мезанад.

Тӯйи арӯсии пуршукӯҳи Ганя Усмонова, ҷияни миллиардер Алишер Усмонов ва теннисбоз Важа Узоқов дар поёни ҳафтаи гузашта дар яке тарабхонаҳои шаҳри Тошканд баргузор шудааст.

Ганя Усмонова дар саҳифааш дар Инстаграм ба ҳамаи онҳое, ки дар ин рзи шодиаш бо ӯ будаанд, изҳори сипос кардааст.

Нашрияи Podrobno.uz менависад, тӯйи арӯсии ҷияни миллиардер Усмонов дар толори бузурги мунаққаш бо қандилҳои бузургу прожекторҳои зиёд, пур аз гул ва сутунҳои музайян доир шуд.

Пироҳани арӯсро, ки доманаш чанд метр заминро мерӯфт, тарроҳи машҳури амрикоии лубнонитабор Rami Kadi (Ромӣ Қозӣ) дӯхта, бо сангҳои қиматбазо зиннат додааст.

Дар тӯйи арӯсии Ганя Усмонова ситораҳои машҳури эстрадаи Узбекистону Русия ҳунарнамоӣ карданд.

Вале корбарон дар видеое, ки аз ин тӯй нашр шудааст, ба як нукта таваҷҷӯҳи бештар нишон додаанд. Домод баъди рақси валс бо арӯс, ки дар тӯйҳои бойбачаҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳукми анъана даромадааст, бо пояш домани дарози пироҳани арӯсро мезанад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply