Туркманистон: Занон бе иҷозати духтур сигор харида наметавонанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар Туркманбошии Туркманистон занҳо танҳо дар сурати доштани маълумотномаи духтур оиди сигорӣ буданашон метавонанд сигор бихаранд. Дар ҳамин ҳол, дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Туркманистон ҳанӯз ҳам ба занон сигор намефурӯшанд.

Тибқи талаботи мағозаҳои давлатӣ, аз ибтидои моҳи январ заноне, ки мехоҳанд сигор бихаранд, бояд дар бемористони маҳаллӣ ҳамчун занони сигорӣ сабти ном шуда бошанд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки ҳамарӯза дами дари бемористонҳо занон барои сабти ном навбат мепоянд. Ҳукумати Туркманистон як соли охир фурӯши сигорро борҳо маҳдуд кард. Миёнаҳои соли 2016 фурӯши сигор комилан қатъ шуд.

Дар Туркманистон воридот ва фурӯши сигор зери назорати давлат аст. Танҳо мағозаҳои давлатӣ расман ҳаққи фурӯши сигорро доранд. Аммо дар «бозори сиёҳ» низ бо қиммати гаронтар сигор пайдо кардан имкон дорад.

Тибқи иттилои созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Туркманистон аз рӯи шумори сигориҳо мақоми охирро касб карда, танҳо 8 дарсади аҳолии ин кишвар сигорӣ ҳастанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply