Терорист полисро кушт

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дар пайи тирпаронӣ дар пойтахти Фаронса як маъмури пулис кушта ва як маъмури дигар захмӣ шудааст. Тирандозӣ бегоҳи 20-уми апрел дар маҳалли пуриздиҳом дар маркази Порис рух дод ва мақомот онро “ҳамлаи террористӣ” номиданд.

Расонаҳои Фаронса бо такя ба қавли пулис гуфтанд, ки нафари ҳамлавар ҳам кушта шудааст. Ба дунболи ин ҳодиса чораҳои шадиди амниятӣ дар хиёбони аслии Порис барқарор шуд.

Ин ҳодиса ҳамагӣ се рӯз пеш аз интихоботи президентии Фаронса рух дод.

Моҳи гузашта як ҳамлагар дар пайи гирифтани силоҳи сарбозе дар фурудгоҳи Орлии Порис бо зарби тир кушта шуда буд. Ҳамлаи ба ин монанд моҳи феврал дар музей ё осорхонаи Луври пойтахти Фаронса рух дод.

Дар ду соли ахир, Фаронса шоҳиди чанд ҳамлаи террористӣ буд, ки масъулияти онҳоро гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт ё ин гурӯҳ дар содир кардани ҳамин амалҳо муттаҳам гардид.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply