Сокинони 6 давлати мусулмонӣ ба Амрико рафта наметавонанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Додгоҳи олии ИМА 4 декабр ба иҷрои фармони президент Доналд Трамп иҷозат дод, ки муҳоҷират ва вуруди шаҳрвандони 8 давлат, аз ҷумла 6 кишвари мусулмоннишинро ба Иёлоти Муттаҳида тақрибан пурра манъ мекунад.

Минбаъд, сокинони Либия, Сурия, Эрон, Яман, Сомалӣ, Чад, Куриёи Шимолӣ ва гуруҳҳои мушаххаси шаҳрвандони Венесуэла дар бисёре аз ҳолатҳо, бо вуҷуди пайвандҳои хонаводагиву кории худ дар ИМА, наметавонанд ба ин кишвар муҳоҷир шаванд ё раводид (виза)-и онро дарёфт кунанд. Ин маҳдудият вобаста ба кишвар тағйир ёфта, барои баъзе аз шаҳрвандон баъди санҷишҳои иловагӣ раводид дода мешавад.

Ҳадафи ин иқдом, тавре дар фармони пешини Трамп баҳори соли равон қайд шуда буд, таъмини амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои терроризм аст, ки аз ин кишварҳо таҳдид мекунад. Ин бор муҳлати иҷрои фармони Трамп бо замон маҳдуд нашуда ва он ҳатто нисбати шахсоне ҳам иҷро хоҳад шуд, ки наздиконашон дар ИМА зиндагӣ мекунанд. Интиқодгарон мегӯянд, фармони Трамп хусусияти табъизи динӣ дорад.

Намояндагони маъмурияти ИМА аз қарори ғайричашмдошти Додгоҳи олии Амрико истиқбол карданд. Зеро ба гуфтаи сухангӯи президент, ҳадафи Трамп аз судури ин фармон манъи вуруди шаҳрвандони кишварҳое аст, ки дар онҳо сатҳи баланди терроризм вуҷуд дорад.

Вале ин ҳанӯз қарори муваққатии Додгоҳи олии ИМА аст. Эҳтимол дорад, ин масъала баъди анҷоми мурофиаҳои додгоҳӣ дар робита ба қонунӣ будани фармон бори дигар баррасӣ шавад. Як қатор аёлат ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз болои фармони Трамп ба додгоҳ шикоят бурда, онро ғайриқонунӣ медонанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply