Шералӣ Маҳмудовро 10 сол зиндонӣ карданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Вакили дифои сокини 28-солаи вилояти Бухорои Узбакистон Шералӣ Маҳмудов, ки бо ҷурми хариду фурӯши инсон 10 сол зиндонӣ шуд, талаб дорад, то зерҳимояи ӯро озод кунанд. Қарор аст, додгоҳи баррасии шикояти вакили дифои Маҳмудовро 1 декабр баррасӣ кунад.

Бар пояи қарори додгоҳ аз 17 октябр, Маҳмудов сокини ин кишвар Севара Ғуломоваро, ки барои табобати саратон ба Туркия рафта буд, ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст.

Вале вакили дифои ин сокини Бухоро ҳукми додгоҳро ноодилона хонд ва гуфт, ки додгоҳ зерҳимоаашро дар толори мурофиа озод кунад. Наздикони маҳкумшуда мегӯянд, Маҳмудов қурбонии раҳмдилии худ шудааст.

Аммо муфаттиши Додситонии нақлиёти Узбакистон рӯзи 29 ноябр гуфт, ки парвандаи Маҳмудов бо риояи тамоми меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноии ин кишвар баррасӣ ва дар ҷараёни он ҳамаи ҳуқуқҳои айбдоршаванда таъмин шудаанд.

Гуфта мешавад, ки моҳи августи соли равон расонаҳо саргузашти сокини шаҳри Тошканд Севара Ғуломоваи 37-соларо нашр карданд, ки соли 2016 се моҳ дар бардагии шаҳвонӣ қарор дошт. Ба гуфтаи Ғуломова, бародарон Шералӣ ва Алишер Маҳмудовҳо аз вилояти Бухоро ӯро ба танфурӯшӣ дар Туркия маҷбур кардаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply