Се муштарии бемористони рӯҳӣ фирор кардаанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

20 ноябр дар шаҳри Тошканд аз бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои руҳӣ 3 муштарӣ фирор кардааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Бино бар иттилои мақомот, мардҳои фироркарда дар содир кардани чандин ҷиноят айбдор мешаванд. Яке аз онҳо дар дуздӣ, дувумӣ дар фурӯши маводи мухаддир ва севумӣ дар расонидани зарарҳои ҷисмонӣ айбдор мешаванд.

Ҳоло дақиқ нест, ки онҳо аз бемористон чӣ гуна фирор кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир пулис ба ҷустуҷӯи онҳо машғул аст. Назорат дар Тошканд шадид шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply