Раиси ноҳия мудирони мактабҳоро зад (Видео)

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Сомонаи Kun.uz рӯзи 13-уми сентябр видеои латту кӯби мудирони мактабҳои миёнаи ноҳияи Сайҳунободи Узбакистонро аз тарафи раиси ин ноҳия нашр кард. Марде, ки дар ин навор раиси ноҳияи Сайҳунобод Носирҷон Эгамбердиев муаррифӣ мешавад, мудирони мактабҳоро дар як саф қатор карда, латту кӯб мекунад.

“Мудири маорифро монанди саг кашола хоҳам кард. Вале дар асл ту ҳам гунаҳкор ҳастӣ. Барои чӣ ватани худро эҳтиром намекунӣ?”, — фарёд мезанад ин мард. Ӯ ба рӯи яке аз мудирони мактабҳо торсакӣ зада, бо дашному таҳқир дод мезанад, ки “магар истиқлоли давлат истиқлоли шумо нест?! Магар он барои шумо ҷашн нест?!”

Вебсайти Kun.uz бо истинод ба манбаи худ мегӯяд, қарор буд Рӯзи истиқлоли Узбакистон дар ноҳияи Сайҳунобод 25 августи соли равон таҷлил карда шавад, вале онро ба рӯзи 27 август ба таъхир андохтанд.

“Дар натиҷа, бархе аз мудирони мактабҳо натавонистанд, дубора барои ҷашн, ки ба рӯзи дигар гузошта шуд, одамони худро ҷамъ кунанд. 27 август дар чорабинии бахшида ба Рӯзи истиқлол шумори ками одамон иштирок кард ва раиси вилоят Эгамбердиевро барои дар сатҳи паст таҷлил кардани Рӯзи истиқлол танбеҳ дод ва раиси ноҳия ҳам аз мудирони мактабҳо «қасос» гирифт”, — навиштааст Kun.uz.

Носирҷон Эгамбердиев моҳи октябри соли 2016 раиси ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёи Узбакистон таъйин шуд. То он замон, ӯ сардори Идораи таҳсилоти махсуси миёна ва касбии вилоят буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply