Раҳоии 235 асир аз банди Толибон ва ДИИШ

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ҷумбиши Толибон 235 асирро дар деҳаи дурдасти шимоли Афғонистон озод кард. Ин сокинон дар ҳамлаи 8 август, ки он замон 50 сокини осоишта кушта шуд, ба асорат афтоданд.

Расонаҳи Афғонистон аз қавли намояндаи Вилоят Забеҳулло Амонӣ мегӯянд, ки шаби 8 август 235 нафар, бо шумули занону кӯдакон, бо миёнаравии сардорони қавм ва мақомоти маҳаллии Мирзо Олан озод шуданд. «Асирони озодшуда ба шаҳри Сари Пул интиқолёфтанд. Дар ҳоли ҳозир чанд одами дигар дар асорат аст, мо дақиқ намедонем», — гуфт Амонӣ.

Мақомоти интизомии Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар Мирзо Олан наздики 100 тани дигар дар асорат боқӣ монадаанд. Ин деҳа дар ҳудуди ноҳияи Сари Пул ҷойгир аст, ки охири ҳафтаи гузашта аз сӯи ҷангҷӯён ғасб шуд.

Бар пояи иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҷангҷӯёни «Толибон» ва гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ», ки гоҳ-гоҳ ҳамлаҳои муштарак баргузор мекунанд, 5 август наздики 50 сокини осоишта, бо шумули занону кӯдакон аз ҳисоби аҳолии шиамазҳабро қатл карданд. Ин ҳодиса баъди задухӯрди дурӯзаи ҷангҷӯён ва нерӯҳои интизомии маҳаллӣ сурат гирифт. Ҷангҷӯён 150 хонаводаро асир гирифтанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Раҳоии 235 асир аз банди Толибон ва ДИИШ

  • Роҳҳои ҳали мушкилоташ вуҷуд дорад,ба он шарте ки КДАМ Ҷумҳурии Исломи Афғонистон пеш саф бошанд.

Leave a Reply