Пулис чанд зан доштани муфтии пешини Қирғизистонро аниқ мекунад

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон, ҲУҚУҚ

Мақомоти қудратӣ изҳороти муфтии пешини Қирғизистон Чубак Ҷалиловро дар бораи ҳамсари дувум ва даъваташ ба бисёрҳамсариро месанҷанд.

ВКД-и Қирғизистон рӯзи 30 ноябр хабар дод, ки тафтиш ба бисёрҳамсарӣ рабт дорад. Моддаи 153 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон барои бисёрҳамсарӣ то ду соли зиндон пешбинӣ кардааст.

Пештар аз ин муфтии пешини Қирғизистон Чубак Ҷалилов дар як навори Youtube хабар дод, ки ҳамсари дувум дорад. Вай гуфт, «ҳамсари аввал албатта зид мебарояд, вале вай ба ин ҳақ дорад».

Ба гуфтаи муфтӣ, вай талош мекунад, ки қонунҳои кишварро риоя кунад, аммо Қирғизистон ҳамзистиро манъ накардааст. «Тибқи қонун, бисёрҳамсарӣ дар ҳолати зиндагии муштарак бо ду зан ё бештар аз он ва пешбурди хонадории муштарак манъ аст. Зиндагии ҷудогона манъ нашудааст. Одамон бо маъшуқаҳо ва ё занҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Зиндагии муштарак ва ё никоҳи шаҳрвандӣ дар қонун пешбинӣ нашудааст», — гуфт муфтии пешин.

Ҷалилов ҳамчунин ба онҳое, ки имконият доранд машварат додааст, ки зани дувум бигиранд. «Ҳатмӣ нест ҳамаи мардон ин корро бикунанд», — гуфт вай.

Вакилони порлумони Қирғизистон аз мақомоти интизомӣ хостанд, суханҳои муфтии пешинро бисанҷанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply