Президенти Тоҷикистон дар қатори пурнуфузтарин мусулмони дунё

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОЛЕЪНОМА, ХАБАРИ ТОЗА

Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар раддабандии нави «The Muslim 500-2018” низ ба рӯйхати 500 мусалмони аз ҳама пурнуфузи дунё роҳ ёфтаанд. Шайхи Ал-Азҳар Шайх Ал-Таййиб, малики Саудӣ Салмон, малики Урдун Абдуллоҳ, роҳбари рӯҳонии Эрон Алии Хоманаӣ ва президенти  Туркия Раҷаб Эрдуғон 5 шахсияти аз ҳама пурнуфузи дунёи Ислом номбар шудаанд.

 

Пажӯҳишгоҳи салтанати таҳқиқоти стратегии исломӣ (The Royal Islamic Strategic Studies Centre), марказаш дар Амон, пойтахти Урдун якҷо бо Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиён, як маркази таҳқиқотии қароргоҳаш дар Ҷорҷтаун, барои бори нӯҳум рӯйхати 500 шахсияти аз ҳама пурнуфузи ҷаҳони Ислом – «The Muslim 500-2018-ро нашр кард.

Имсол низ шайхи донишгоҳи Ал-Азҳар Аҳмад Муҳаммад Ал-Таййиб пурнуфузтарин шахсият дар ҷаҳони Ислом эълон шудааст. Аммо дар ҷои дуюм имсол малики Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз оли Сауд омадааст. Малик Салмон як сол пеш дар мақоми сеюм буд.

Малики Урдун Абдуллоҳ, ки як сол қабл дар мақоми дуюм буд, имсол ҷои сеюмро гирифтааст.

Дар ду мақоми баъдӣ дар раддабандии «The Muslim 500-2018” раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ном бурдаанд. Хоманаӣ соли гузашта ҳам дар мақоми чорум, вале Эрдуғон дар зинаи 8-ум буд.

Дар байни 50 шахсияти аз ҳама пурнуфузи дунё Шоҳзода Карим Оғони чорум, раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон дар мақоми 40-ум ҷой гирифтааст.

Дар байни 500 шахсияти пурнуфузи дунё раҳбарони аксари кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои озариву қазоқи ӯ Илҳом Алиев ва Нурсултон Назарбоев, раҳбари шиаҳои Ироқ оятуллоҳ Алии Систонӣ, раҳбари салафиҳо Шайх Абдулазиз, президенти Сингапур Ҳалима Яъқуб, раҳбари Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, рӯҳонии маъруф Юсуф Қарзовӣ, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва раҳбарони тақрибан ҳамаи кишварҳои арабӣ ҳастанд.

Пажӯҳишгоҳи салтанати таҳқиқоти стратегии исломӣ Навал Сӯфӣ, як ҳомии паноҳҷӯёни суриягиро, ки ба ҳудуди 200 ҳазор паноҳҷӯ кумак кардааст, Зани сол дар ҷаҳони Ислом ва шаҳрдори Лондон Содиқхон, нахустин мусалмонеро, ки ба мақоми раҳбари пойтахти Бритониё расид, Марди сол эълон кардааст.

Дар раддабандии шахсиятҳои пурнуфузи ҷаҳони Ислом ҳамчунин мусалмонҳои машҳур дар риштаҳои гуногун низ номбар шудаанд. Аз ҷумла дар бахши варзиш шахсиятҳое, чун сармураббии «Реал”-и Мадрид Зайниддин Зидан, футболбозон Яҳё Туре, Пол Погба ва Масъуд Ӯзил, дар бахши адабиёт Орҳан Памук аз Туркия ва Холид Ҳусейн аз Афғонистон, ҳамчунин машҳуртарин шахсиятҳо дар арсаи тиҷорат, илм ва ҳатто қориёни маъруфтарини Қуръон баршумурда шудаанд.

Як бахши ин раддабандӣ маъруфтарин ифротгароёни дунёи Ислом аст, ки бо ду ном – раҳбари ДОИШ Абӯбакри Бағдодӣ ва раҳбари Ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ оғоз мешавад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply