Президент писарашро бо медал қадрдонӣ кард

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Миёни онҳое, ки бо медали падари президенти Туркманистон — Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов қадр шуданд, писари президенти ин кишвар — майор Сардор Бердимуҳаммадов низ ҳаст. Ба вай медали ба номи бобояшро тадқим карданд.

Вай «барои хидматҳояш дар назди Ватан» ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти қудратӣ қадр шудааст.

Оҷонсии «Фарғона» менависад, ки Сардор ягона писари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст. Ба иттилои ғайрирасмӣ, вай ба соҳиб шудани курсии падараш омодагӣ мебинад. Расонаҳои давлатии Туркманистон фаъолияти ӯро ба таври густарда инъикос мекунанд.

Сардор дар Академияи дипломатии вазорати корҳои хориҷии Русия таҳсил кардааст. Вай баъди хатми академия вакили порлумон интихоб шуда, дар мақомоти давлатӣ низ фаъолият кардааст.

Медали ба номи Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи августи соли ҷорӣ таъсис шуд. Бобои Сардор омӯзгор, сардори шуъбаи муассисаҳои ислоҳӣ буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply