Президент ба музокироти мухолифон меравад

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Башор Асад, президенти Сурия гуфт, ҳукуматаш омода аст «ҳамаи суолҳоро» дар гуфтугӯи сулҳе, ки моҳи ҷорӣ бо мухолифон дар назар дошта шудааст, баррасӣ кунад.

Дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони фаронсавӣ Асад гуфтааст, ҳайати ҳукуматаш ба маҳзи эълон шудани санаи музокирот омодаи сафар хоҳад шуд.

Русия, Эрон ва Туркия пештар аз ин пешниҳод карданд, ки гуфтугӯҳо дар Остонаи Қазоқистон баргузор шавад. Вазири корҳои хориҷии Туркия афзуда буд, ки мумкин аст, 23 январ санаи музокирот эълон шавад. Дар ҳамин ҳол, мухолифони Сурия имконияти ширкат дар музокироти сулҳи Остонаро баррасӣ доранд, аммо то кунун дақиқ нагуфтаанд, ки ширкат хоҳанд кард ё на.

Дар суҳбат бо рӯзноманигорон Асад зикр кардааст, ки пуштибонии Арабистони Саудӣ ва Ғарб аз мухолифони Сурия кам шудааст. Вай даъват кардааст, ки дар гуфтугӯҳо танҳо онҳое ширкат кунанд, ки «гуруҳи мухолифони воқеиро» намояндагӣ мекунанд.

«Вақте ман воқеӣ мегӯям, ман созмонҳои қатории Сурияро дар назар дорам — на саудӣ, на фаронсавӣ ва бритониёиро. Баррасии масъалаи Сурия бояд танҳо бо мухолифони Сурия доир шавад», — гуфтааст Асад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply