Падари бераҳм кӯдакашро дар кӯча бо лагат зад (Видео)

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Видеои кӯдаки дусолаеро бо лагат задани як мард дар яке аз кӯчаҳои барфпӯши шаҳри Бишкек вокунишҳои тундреро ба бор овард. Пулиси Қирғизистон меӯяд, рӯзи 2 декабр ин мардро дастгир кардаанд. Ӯ падари кӯдаки латукӯбшуда будааст. Писари ӯ ҳамагӣ дувуним сол доштааст.

Пулиси Қирғизистон ба зидди марде, ки кӯдакашро дар кӯча бо лагат зад, парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ин мардро рӯзи 2 декабр дастгир кардаанд. Маълум шудааст, ки ӯ бо чунин шеваи хушунатомез писари дувунимсолаи худро ба истилоҳ «дарси адаб” додааст.

Лаҳзаи ин кӯдаки хурдсолро дар яке аз маҳаллаҳои барфпӯши шаҳри Бишкек латукӯб кардани ин мардро яке аз шоҳидон рӯзи 2 декабр аз тирезаи хонааш ба навор гирифта, дар Интернет нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки кӯдак дар рӯи барф хобидааст ва баъди чанд лаҳза аз ҷо хеста, боз ба рӯи барф дароз мекашад. Дар ин лаҳза мардро ӯро бераҳмона бо пояш сахт мезанад.

Кӯдак ба гиря медарояд, вале мард ӯро аз ҷояш мехезонад ва аз дасташ гирифта мебарад.

Ин видео дар Интернет вокунишҳои тундреро ба бор овард. Аксарият рафтори он мардро ба шиддат маҳкум карда, аз мақомоти Қирғизистон талаб карданд, ки ӯро барои чунин бадрафторӣ нисбат ба кӯдаки хурдсол пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Пулис мегӯяд, ки ин марди 50-сола ҳамагӣ чанд соат баъди нашри он видеои пурсарусадо мушхасса ва дастгир кард. Гумонбар ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек қарор дошта, тафтиши парвандааш идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply