Мурғ бо кӣ хушбахт мешавад?

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер

Марду занҳои дар соли мурғ тавлидёфта хислату хӯи душвор доранд. Онҳо ростқавлу ростгӯянд, вале ба касе тобеъ намешаванд. Маҳфилҳои серодамро меписанданд, мехоҳанд ҳамеша гули сари сабад бошанд. Ҳукмфармоӣ карданро дӯст медоранд. Мардҳои дар соли мурғ ба дунё омада боғайрат буда, аз уҳдаи ҳама кор мебароянд. Намояндагони ин бурҷ орзупарвар буда, дар олами хаёлҳои ширин парвоз мекунанд. Мурғҳо дар ҷодаи ишқу муҳаббат аксаран саргум мезананд, зеро чӣ будани садоқату вафодориро намедонад. Имрӯз мегӯяд, ки занеро девонавор дӯст медорад, вале пагоҳ ба ҷустуҷӯи арӯси нав мебарояд. Пайванди оилавии мурғ дар сурате бобарор мегардад, ки занаш гапбардору бовафо бошад.

Барои зане, ки дар соли мурғ таваллуд шудааст, мустақилият хеле муҳим аст, ӯ ҳеҷ гоҳ ба мард вобаста будан намехоҳад. Забони дарози зани солаш мурғ боиси сар задани моҷароҳои оилавӣ мегардад. Бонувони дар ин сол чашм ба олами ҳастӣ кушода зебопараст буда, карру фар карда гаштанро дӯст медоранд. Мурғ кадбонуи моҳир, модари меҳрубон ва маъшуқаи беҳтарин аст.

Никоҳи Мурғ бо Муш

Никоҳи Мурғ бо Муш бобарор нест, зеро Муш дарҳол камбудиҳои ҷуфташро пайдо намуда, бо ғуруру такаббур ба асаби Мурғ мерасад. Вақте ки мурғ бо муш издивоҷ мекунад, хонаи онҳо майдони муҳорибаро мемонад ва ҷангу ҷанҷоли доимиро рафъ кардан имконнопазир мегардад. Танҳо бо саъю кӯшиши дандоншикан ин оиларо аз парокандагӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Дар ин пайванд боз як ҷиҳати манфӣ ҳаст, ҳам Мурғ ва ҳам Муш пулро бебаркаш сарф  мекунанду баъди муфлис шудан гуноҳро ба сари якдигар бор кардан мехоҳанд.

Никоҳи Мурғ бо Бақар

Пайванди Муш бо Бақар бобарор аст, чунки онҳо нисбати якдигар ҳисси бадбинӣ надоранд. Бақар дар оила таъмингари асосӣ бошад, зиндагияшон ширу шакар барин ширин мегузарад. Мушкили ягона дар он аст, ки бақарро бепарвофалакии ҷуфташ каме асабӣ месозад. Дар ҷодаи тиҷорат нафарони дар зери ин бурҷҳо ба дунёомада шарикони хуби корӣ мешаванд, зеро Мурғ сарвари хуб асту бақар корманди хуб.

Никоҳи Мурғ бо Паланг

Дар аввал пайванди бобарор менамояд, зеро Паланг аз муҳаббати беандозаи ҷуфташ шод мегардад, вале бо мурури замон парда аз чашми паланг афтида, ҷуфти худро тамоман дигаргуна мебинад. Палангро ҳавобаландӣ ва худситоии мурғ девона мекунад. Мурғ дар навбати худ тобу тоқати шунидани танқидро надорад ва неши забони палангро тоқат намекунад. Мурғ бо паланге, ки мучалаш сунбула,  ҳамал ё ҷавзо аст, дар зиндагӣ тамоман созиш карда наметавонад.

Никоҳи Мурғ бо Харгӯш

Издивоҷи нафароне, ки дар соли Мурғ ва Харгӯш ба дунё омадаанд, бебарор мешавад. Харгӯшро рафтори нофаҳмои ҳамсараш руҳафтода намуда, дилашро аз зиндагӣ хунук мекунад. Вақте косаи сабри Харгӯш лабрез гашт, аз баҳри чунин оиладорӣ мегузарад. Шавҳар дар соли Харгӯш ба дунё омада бошаду зан дар соли Мурғ, Харгӯш метавонад занашро ба соҳибхонаи гапдарову сархам мубаддал гардонад, вале зан Харгӯш бошад, бо кинояву танқидҳояш ба ҷони шавҳар мерасад. Харгӯшзанҳои бурҷашон асад, ақраб, қавс ва далв бо шавҳари мурғ ягон зарра созиш карда наметавонанд.

Никоҳи Мурғ бо Наҳанг

Никоҳи бобарор аст: ҳарду ҳам одати ман-маниву худро нишон доданро доранд, вале ин корро ба таври гуногун ба анҷом мерасонанд. Мурғ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунад, ки дили наҳангро ба даст орад, барои Наҳанг бошад, дӯстдориву ӯро васф намудани ҳамсараш хеле муҳим аст. Албатта дар ин оила ҳам муноқиша рух медиҳад, зеро Наҳанг тобут тоқати бепарвоиву фориғболии мурғро надорад, вале моҷароҳои кӯчаки наҳангу мурғ то ҷудоӣ намерасонанд.

Никоҳи Мурғ бо Мор

Никоҳи беназир аст ва ҳарду хушбахт мешаванд, зеро нафаре, ки дар соли Мор ба дунё омадааст, бо ҳамсари дар соли Мурғ ба дунё омадааш худро роҳат эҳсос менамояд. Ин зану шавҳар дар ҳама ҳолат бо ҳам забон меёбанд, чунки ба ҳамдигар гузашт карда метавонанд. Мор, агар ҳамсарашро сахт дӯст дорад, ӯро тоҷи сар мекунад. Зиндагии оилавии морҳои бурҷашон саратон, ҳут ва қавс бо мурғ чунон ширин мешавад, ки ҳатто Фарҳоду Ширин ва Лайлию Маҷнун ба онҳо ҳасад мебаранд.

Никоҳи Мурғ бо Асп

Зиндагии марду зане, ки дар соли Мурғ ва Асп ба дунё омадаанд, мусобиқаро мемонад. Ин издивоҷи нобарор буда, ҳар яке манфиати шахсии худро фикр мекунад. Дар натиҷа ба асаби якдигар расида, зиндагиашонро бо дасти худ ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил медиҳанд. Мурғу Асп ҳарду хеле зудранҷу хурдагир ҳастанд, аз ҳамин сабаб ҳеҷ гоҳ ба якдигар гузашт ва дар зиндагӣ созиш карда наметавонанд. Мабодо никоҳи Мурғ бо Асп дар оғоз бобарор намояд ҳам, хушбахтии онҳо дер намепояд. Аз рӯйи худпарастиашон онҳо оқибат аз ҳам ҷудо мешаванд.

Никоҳи Мурғ бо Гӯсфанд

Ин зану шавҳар дар баробари ба ҳамдигар монанд будани аксари хислатҳояшон боз тафовути зиёде ҳам доранд, масалан, нигоҳашон ба зиндагиву муҳаббат фарқкунанда аст. Аз ҳамин сабаб дар оилаи мурғу гӯсфанд баъзан нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд. Мурғи табиатан чизпараст мехоҳад Гӯсфанд тамоми дороияшро ба ӯ бахшида, ҳамеша дар бараш бошад, вале Гӯсфанд ин корро карда наметавонад. Ин зану шавҳар дар зиндагӣ хушбахт мешаванд, ба шарте ки ба камбудиҳои якдигар чашм пӯшида тавонанд.

Никоҳи Мурғ ва Ҳамдуна

Ҳамдунаи ҳиллагару чолок шарики умрашро ҳамеша фиреб медиҳад. Дар аввал Мурғ тамоми найрангбозиҳои ҳамдунаро оромона қабул мекунад, вале баъдан чашмаш кушода мешавад. Аслан никоҳ кардани ҳамдунаю мурғ кори беақлона аст, зеро ин ду нафарро ба ғайр аз он ки дӯстдори зиндагии рангин ҳастанд, дигар чизе бо ҳам алоқаманд намесозад. Нафарони дар соли Мурғ ва Ҳамдуна тавлидёфта якдигарро рӯякӣ дарк мекунанд, аз ин лиҳоз дар издивоҷи онҳо ҳамеша ягон мушкилӣ сар мезанад.

Никоҳи Мурғ бо Мурғ

Ин зану шавҳар бо якдигар чунон хушу хурсандона зиндагӣ мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ барои зиқ шудан вақт намеёбанд. Ҳаёти мурғ бо марғ аҷибу рангин гузашта, ба зудӣ соҳиби фарзанд мешаванд. Мушкили ягона дар он аст, ки нафарони дар соли Мурғ тавлидёфта камбудиҳои худро надида, ҳамеша дар дигарон норасоӣ меҷӯянд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар оилае, ки зану шавҳар дар соли Мурғ ба дунё омадаанд, баъзан муноқишаҳо сар мезананд.

Никоҳи Мурғ бо Саг

Ин издивоҷ чандон бобарор  нест, зеро нафари дар соли Саг ба дунё омада бо худситоӣ ва фориғболии шахсе, ки дар соли Мурғ таваллуд шудааст, созиш карда наметавонад. Саг кӯшиш мекунад, ки ҷуфташро тағйир диҳад, вале Мурғ муқобилият нишон медиҳад. Сагу Мурғ хеле зудранҷ ҳастанд, вале набояд фаромӯш намоянд, ки онҳо танҳо дар сурати ба якдигар гузашт кардан оилаашонро аз вайронӣ эмин нигоҳ дошта метавонанд.

Никоҳи Мурғ бо Хубон

Марду занҳои дар соли Мурғ ва Хубон ба дунёомада бо ҳамдигар хеле хуб созиш мекунанд: Хубон самимият ва меҳрубонии ҷуфташро қадр мекунад, Мурғ бошад ақлу ҳалимии Хубонро. Ин марду занро на муҳаббат, балки ақли расо ба ҳам муттаҳид месозад. Дар сурати пеш омадани камтарин хатар ҳарду ҳам ба кӯмаки якдигар шитофта, ҳамеша дар фикри беҳбудии оилаашон ҳастанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply