Муовини сарвазир дар садама ҷон бохт

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Муовини 38-солаи сарвазири Қирғизистон Темир Ҷумъақодиров субҳи 7 октябр дар натиҷаи бархӯрди мошинаш бо як КАМАЗ дар роҳи Бишкек- Қараболта ба ҳалокат расид. Дар ин садама ронанда ва ёвари Ҷумъақодиров низ ҷон бохтанд. Ҷумъақодиров дар ҳукумати Қирғизистон масъули бахши амниятиву қудратӣ ва баҳсҳои марзӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон буд.

Ба гуфтаи шоҳидон, мошини муовини сарвазир дар шоҳроҳи Бишкек- Қараболта бо як мошини боркаши КАМАЗ, ки ба самти муқобили роҳ баромада буд, бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама мошини хидматии Темир Ҷумъақодиров зери чархи КАМАЗ монда, комилан пачақ шудаааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон гуфт, «наҷотбахшони мо аз даруни мошин се нафарро берун кашиданд. Ду нафари онҳо алакай ба ҳалокат расида буд.”

Бино ба охирин маълумоти расида, дар ин садама се нафар – муовини сарвазир Ҷумъақодиров, ёвар ва ронандаи ӯ ҷон бохтаанд. Ҷумъақодиров дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.

Ба зидди ронандаи КАМАЗ, ки аз ин садама ҷон ба саломат бурд, бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки сабаби марги чанд нафар шуд, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ронанда ҳоло таҳти бозпурсӣ қарор дорад. Тафтиши ин парванда зери назорати бевоситаи вазири дохила Улан Исроилов идома дорад.

Темир Ҷумъақодиров 4 августи соли 1979 дар шаҳри Балиқчӣ ба дунё омада, соли 1996 мактаби миёнаро дар Чолпон-Ота ва соли 2001 факултаи равобити байналмилалии Донишкадаи татбиқи барномаҳои байналмилалии таълимӣ дар назди Донишгоҳи милли Қирғизистонро хатм кардааст.

Темир Ҷумъақодиров солҳои 2001-2006 ба сифати волонтёр ва ҳамоҳангсози Барномаи рушди СММ дар вилояти Норин ва сипас то соли 2007 дар барномаи TACIS -и Иттиҳодияи Аврупо ва солҳои 2007-2009 ҳамчун менеҷери як тарҳи Бонки осиёии рушд кор кардааст.

Ҷумъақодиров солҳои 2009-2012 сардори департаменти равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Қирғизистон ва аз соли 2013 муовини котиби Шӯрои мудофиаи ин кишвар буд.

21 феврали соли 2015 ӯро ба мақоми котиби Шӯрои мудофиа таъйин карданд. Тоза моҳи августи соли 2017 Темир Ҷумъақодиров муовини сарвазир таъйин шуд.

Ӯ дар ҳукумат масъулияти умури блоки интизомиро бар дӯш дошт ва аз ҷумла музокироти марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя низ бар ӯҳдааш буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply