Муллоро барои амри маъруф ҷарима карданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Имомхатиби масҷиди «Саидҷалолхоҷа»-и вилояти Намангони Узбакистон Аҳмадҷон Эшматов моҳи ҷорӣ ба додгоҳ ҷалб шуд. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд.

Хабар дода мешавад, имоми 44-сола дар осоишгоҳи «Чаткал», ки ба Иттифоқи касабаи Узбакистон тааллуқ дорад, дар бораи қонунҳои шариат ба истироҳкунандагон амри маъруф кардааст.

Дар натиҷа, имом, ки бе иҷозат амри маъруф карда буд, тибқи моддаи «вайрон кардани тартиботи таълими динӣ» айбдор шуд. Додгоҳ ӯро 10 маоши ҳадди ақал ҷарима баст.

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон имомро ҳушдор додааст, ки дар сурати такрори амри маъруфи беиҷозат ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда хоҳад шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply