Мулло Носирро куштанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти истихборотии Афғонистон гуфтанд, ки як фармондеҳи ба истилоҳ “нирӯҳои вижа”-и гурӯҳи шӯришии Толибон, ки бо исми “Воҳиди сурх” маъруф аст, аз ҷониби артиши Афғонистон кушта шудааст. Дар изҳороте, ки Раёсати миллии амният рӯзи 3 декабр нашр кард, гуфта мешавад, ки Муллошоҳ Валӣ, маъруф бо исми Мулло Носир ҳафтаи гузашта дар як амалиёти вилояти Ҳилманд кушта шуд. Ин минтақа, ки асосан зери назари Толибон қарор дорад, макони муҳими истеҳсоли маводи мухаддир маҳсуб мешавад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки се сол пеш Муллошоҳ Валӣ, фармондеҳи “Воҳиди сурх” ва муовини раиси ҳукумати соягии вилояти Ҳилманд шуд ва дар амалиёти Толибон мустақиман иштирок мекард. “Воҳиди сурх” як бахши вижаи ҷангиён дар ҳайати Толибон аст, ки ба иттилои дарёфтӣ, соҳиби силоҳу муҳимоти пешрафта, аз ҷумла, дурбинҳои мусаллаҳонаи қобили истифода дар шабонгоҳ, мушакҳои 82-миллиметра, силоҳҳои сангин ва дигар навъҳои аслиҳаи замонавӣ мебошад.

Дар амалиёте, ки дар он Валӣ кушта шуд, ду маргталаби дигар ҳам нобуд карда шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply