Муфтии дузанаро 6 соат бозпурсӣ карданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Мақомоти пулиси шаҳри Бишкек муфтии собиқи Қирғизистон Чубак Ҷалиловро баъд аз эълони дузанагиаш шаш соат бозпурсӣ кардаанд. Акин Токталиев, вакили дифои муфтии собиқ рӯзи 3-юми декабр дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис нафари таҳти ҳимояти ӯро аз Исиқ-кӯл овардаанд, ки дар онҷо табобат мегирифт.

“Пулиси Бишкек аз соати 9 то 15-и рӯзи дувуми декабр дар ҳузури ман ӯро бозпурсӣ кард”, — афзуд Токталиев.

Ин вакили дифоъ гуфт, Чубак Ҷалилов чаҳор рӯзи пеш хост, барои табобат ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон биравад, аммо дар гузаргоҳи Оқ-Ҷол барояш иҷозаи берун рафтанро надодаанд. Марзбонҳо гуфтаанд, ки ӯ таҳти ҷустуҷӯи пулис аст.

Мақомоти умури дохилии шаҳри Бишкек то ба ҳол ин вазъиятро шарҳ надодаанд.

Пештар аз ин, муфтии собиқи Қирғизистон Чубак Ҷалилов дар як навори видеоӣ хабар дод, ки ҳамсари дувум дорад. Вай гуфт, «ҳамсари аввал, албатта, зид мебарояд, вале вай ба ин ҳақ дорад».

Ба гуфтаи муфтӣ, ӯ талош мекунад, ки қонунҳои кишварро риоя кунад, аммо Қирғизистон ҳамзистиро манъ накардааст. «Тибқи қонун, бисёрҳамсарӣ дар ҳолати зиндагии муштарак бо ду зан ё бештар аз он ва пешбурди хонадории муштарак манъ аст. Зиндагии ҷудогона манъ нашудааст. Одамон бо маъшуқаҳо ва ё занҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Зиндагии муштарак ва ё никоҳи шаҳрвандӣ дар қонун пешбинӣ нашудааст», — гуфт муфтии пешин.

Ҷалилов ҳамчунин ба онҳое, ки имконият доранд машварат додааст, ки зани дувум бигиранд. Вакилони порлумони Қирғизистон аз мақомоти интизомӣ хоста буданд, суханҳои муфтии пешинро бисанҷанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply