Модари 98 сола дар нигаҳбонии писари 80 сола

ДИН ВА ҶОМЕА, Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ада Китинги як модари 98 сола ба хонаи пиронсолон барои нигоҳубини писари 80 солааш Том омадааст. Вақте ин хабар дар расонаҳои ҷаҳон пахш шуд, ҳамагонро ба ҳайрат овард.
Ада сохиби чор фарзанд: Барбара, Марджи, Джанет ва Том буд, ки ҳамагон аллакай вафот карда буданд.
То вақти ба нафақа баромадан Том ба ҳайси рассоми моҳир кор мекард. Аммо аз соли 2016 ихтиёрӣ ба хонаи пиронсолон омад. Модараш низ ба кӯмак эҳтиёҷ доштани писарашро дида барои нигоҳубинаш омад.
Модару писар доимо хамроҳ нишаста суҳбат мекунанд, телевизор тамошо мекунанд. Модар шаб пеш аз хоб писарашро бӯса карда барояш хоби хуш мегуяд. Писараш Том ҳамеша мегӯяд,»Очаҷон, шумо ҳанӯз ҳам барои манн хавотиред?»
«Бале модар дар ҳама ҳолат модар аст. Хоҳ кӯдакаш калон бошаду хоҳ хурд.» — посух медиҳад Ада.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply