Мавсил расман аз тасарруфи ДИИШ озод карда шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Нахуствазири Ироқ бо боло кардани парчами кишвараш дар Мавсил, «пирӯзии комил» бар гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар ин шаҳрро эълон кард. Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ бегоҳи душанбеи 10-уми ию эълон кард, ки шаҳри Мавсил ба дасти нерӯҳои ҳукумати Ироқ баргашт. Ин пирӯзӣ дар ҳоле эълом шуд, ки интизор меравад даргириҳо бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар нуқтаҳои дигари Ироқ идома ёбад.

Дафтари матбуоти нахуствазири Ироқ дар Твиттер гуфтааст, ки оқои Ибодӣ ин хабарро аз утоқи амалиётии умури зиддитеррористӣ, эълом кард. Ҳайдар Ал-Ибодӣ дар баёнияи гуфтааст, «пирӯзии имрӯзи мо пирӯзӣ алайҳи торикӣ, пирӯзӣ алайҳи терроризм аст. Ва ман имрӯз ба тамоми ҷаҳониён поёни шикаст ва суқути гурӯҳи террористии ДИИШ-ро эълом мекунам.»

Нахуствазири Ироқ рӯзи якшанбе ба Мавсил рафта буд то ба нерӯҳои ироқӣ барои бозпасгирии Мавсил аз дасти ДИИШ дар ҷараёни як набарди тақрибана 9-моҳа табрик бигӯяд. Масҷиди Ан-Нурии Мавсил дар соли 2014 шоҳиди эъломи хилофати исломӣ аз сӯи Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ буд, ки Ховари Миёнаро дар ҳолати нооромӣ қарор дод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply