Маросими ба хоксупории Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ҷасади Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Исломӣ ва аз умдатарин чеҳраҳои сиёсӣ дар чанд даҳаи гузашта дар Эрон, рӯзи 10 январ дар оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ ва хоксупории ӯ ҳазорҳо нафар иштирок карданд.

Маросими ҷанозаи Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ соати 10-и рӯзи 10 январ ба вақти Эрон оғоз шуд ва баъд аз зуҳр ба поён расид. Намози ҷанозаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо имоматии раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ баргузор шудааст.

Ба ғайр аз хонаводаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ҳамчунин, набераи Имом Ҳумайнӣ- Саидҳасан Хумайнӣ, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф, раиси порлумони Эрон Алии Лориҷонӣ аз ҷумлаи ашхосе буданд, ки пайкари Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷониро ба хок супурданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply