Лидерони майхора. Онҳо на танҳо дар Соли нав менӯшиданд…

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ҶАҲОН

Барои ин сарварони давлатҳо майнӯшӣ шуғли писандидатарин ва ҳатто одати муқаррарӣ гашта буд. Шиорашон гӯё ҳамон суханони машҳури суруди классикӣ буд: «Май бошаду ман бошаму вай!». Дар бораи ин одати онҳо мардум латифа мебофтанд ва ин ба имиҷи сарвариашон таъсири манфӣ дошт.
Елтсин Ирландияро «дар хоб дид”
Президенти аввалини Русия Борис Елтсинро ҳаваскори шаробнӯшӣ гуфтан нашояд. Ӯ, гуфтан мумкин аст, ки майхораи касбии (профессионалии) гузаро буд. Ин хислати сарвари давлати Русияро ҳама медонистанд ва худи ӯ инро пинҳон намекард.
31 августи соли 1994 Елтсин ҳангоми сафараш ба Олмон дар паради мутантан бахшида ба баровардани қӯшунҳои шӯравӣ ғайриинтизор нақши дирижёрро бозида, ҳатто суруд хонд.
Як моҳ пас аз ин Елтсин бо як рафтори булаҷабаш дар арсаи байналмилал ҳамаро ба ҳайрат овард. Ҳангоми бозгашт аз ИМА 30 сентябри соли 1994 тайёраи ӯ дар фурудгоҳи Шенони Ирландия таваққуфи кӯтоҳе кард. Дар ин ҷо Борис Елтсинро намояндагони расмӣ интизор буданд. Барои пешвозгирии ӯ сарвазири Ирландия Алберт Рейнолдс ва дигар ашхоси расмӣ ҳозир шуданд. Аммо ба ҳузури ирландиёни меҳмоннавоз на Елтсин, балки ноиби сарвазири ҳукумати Русия Олег Сосковетс баромад. Вай аз мизбонон узр пурсид, ки Президенти Русия «нотоб шудаасту» мулоқот барпо намегардад. Елтсин бошад, дар Москва ба журналистон иброз намуд, ки «дар хоб мондам”. Шаҳрвандони Русия, ки сабаби хоболудии президентро хуб медонистанд, ба ин шубҳа накарданд.


Буш, масти говсавор
Дӯстии қавии Президенти 43-юми Иолоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ бо «оби ҳаёт» махфӣ намондааст. Ӯ ҳанӯз дар навҷавонӣ ба мисли дигар ҷавонони техасӣ лаб ба лаб бо шишаи шароб мегашт. Ҳанӯз соли 1972 , баъди як шаби шаробнӯшии лояқил, ки дар он додараш Марвин низ иштирок дошт, Ҷорҷ Буш бо падари худаш зӯрозмоӣ карда, афтударафт намуд. Он замон президенти оянда 26- сола буд.
Пас аз чор сол Ҷорҷро барои ронандагӣ дар ҳолати мастӣ муҷозот карданд. Пулисҳо мошини Буши хурдиро на чандон дур аз хонаи волидонаш боздоштанд ва 150 доллар ҷарима баста, муваққатан аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум сохтанд.
Соли 2000-ум Буш ба маъракаи интихоботӣ пайваста буд, ки сабти видеоии дар тӯйи духтари яке аз лидерони маъракаи интихоботии губернаторӣ кардашуда ба маърази тамошои интихобкунандагон пешниҳод гардид. Дар сабт Ҷорҷи масти лояқил дӯстони худашро дар ин маърака паст мезад. Оператор Т. Патрико Моррай изҳор намуд, ки сабтро намефурӯшад, зеро вазифаи ҷонии ӯст, ки онро ба «моли оммаи васеи ҷаҳон гардонад». «Ман Бушро ҳашт сол қабл сабт кардам. Вай худро дар тӯй шармандаю шармсор намуда буд»,- иттилоъ дод Моррей.
Агар ба тарҷумаи ҳоли расмии Буш бовар намоем, ӯ ба мастии худ дар зодрӯзи 40-уминаш хати батлон кашидааст. Аз ин боб завҷааш Лора Буш зимни мусоҳиба бо барандаи номии телевизион Опре Уишрри нақл карда буд. Бинобар гуфтаҳои собиқ бонуи аввали ИМА шавҳараш «бурбенро бо пиво» омехта карда менӯшид ва баъд аз ин ликёри пурқувватро нӯши ҷон мекард.
Дар омади гап, овозаҳо дар бораи шаробнӯшии лояқили сарвари давлати абарқудрат ҳангоми президентии ӯ мудом чарх мезаданд. Сабабҳои бозгашти Буш ба одати зараровар гуногун буданд. Мусоҳиби махфии нашрияи «The National Enduiez» хабар дода буд, ки моҳи августи соли 2005 президент аз харобкориҳои бузурги тӯфони «Катрин» огоҳ гардида, истакони вискии тозаро нӯши ҷон кард.
Тибқи гуфтаҳои манбаи дигар, Президент Буш баъди зада ба Ироқ даромадани қӯшунҳои амрикоӣ боз бо машрубот «дӯст шуд». “Ӯ маргу ҳалокати ҳар як ҷанговарро бо дард мепазируфт. Ва акнун, ки ӯ дар карйераи худ бо бурҳони бадтарин рӯ ба рӯ шуд, мо танҳо дуо менамоем, ки майзада нашавад»,- иброз дошт мусоҳиб. Худи Буши хурдӣ ҳеҷ гоҳ иқрор намешуд, ки мубталои бадмастию майзадагист, аммо шиква менамуд, ки дар гузашта «хеле зиёд нӯшидааст».
Боз як лидери амрикоӣ — Ричард Никсон аз майхораҳо маҳсуб меёфт. Ӯ низ гоҳ – гоҳе аз ҳад мегузаронд. Якумин лаҳзае бадмастии ӯро дар китобаш «Кайфу сафо ба мисли президент: қиссаҳои ҳақиқӣ дар бораи мастигарӣ, фаҳш ва номатлубиҳо дар кабинети овалӣ» рӯзноманигор Брайан Абрамс ҷой додааст. Ба қавли ӯ ин ҳодиса ҳангоми ҷӯшу хурӯши муноқишаи Уолтергейт ба миён омадааст. Никсон чанд дона ҳабби доруи хобовари секоналро бо препарати дилатини таскинбахш баҳри табобати вайроншавии биполярӣ қабул мекунад. Нӯшидани скотч аз болои ин доруҳо Никсонро ба ҳолате расонад, ки ӯ ба кормандони маъмурӣ, ёварон ва ҳатто собиқ мураббии футболи амрикоӣ то беёд гардинаш телефонӣ занг зад.

Император Бокасса: «Падар мурд»
Дипломатҳои шӯравие, ки шахсан бо императори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Жан Бедел Бокасса шинос буданд, нақл мекарданд, ки кафҳои дастони ӯ арақ мекард. Ин нишонаи аниқи он аст, ки шахс зиёд менӯшад. Яке аз лаҳзаҳои исботкунандаи майхорагии Бокасса дар муносибат бо Президенти Фаронса ва генерали машҳур Шарл де Голл мушоҳида мешуд. Соли 1967 Бокасса ба Париж сафари расмӣ намуд. Африқоии сархуш лидери фараивиҳоро бо суханони «Салом, падарҷон!» пешвоз гирифт. Голл шармкунон эътироз намуд, ки ӯро «ҷаноби президент» бигӯяд. Лек ин ҳеҷ ба Бокасса таъсир нарасонд ва ӯ Президенти Фаронсаро дар ҳузури ҳама «падарҷон» мегуфт.
Соли 1969 пас аз ба истеъфоравии де Голл, тавре пажӯҳишгарони фаронсавӣ мегӯянд, Бокасса ниҳоят зиёд менӯшидагӣ шуд. Пас аз фавти лидери Фаронса – 9 ноябри соли 1970, вақте ин шумхабар ба Бокасса расид, ӯ аз ғам чунон нӯшид, ки мастона дод мезад: «Падар мурд! Падар мурд!»». Баъд ӯ дар сари гӯри де Голл, ки он ҷо тамоми роҳбарони собиқ мустамликаҳои Фаронса дар Африқо ҷамъ омада буданд, ҳангоми хурӯҷи алкаголи доду войи Бокасса баланд шуд. Ӯ мегиристу фихфихкунон такрор менамуд: «Падар, падар…».
Елтсин ва Набиев ҳамқадаҳ буданд
Дар Тоҷикистон низ шахси якум — Президент Раҳмон Набиев шаробнӯширо меписандид
Ин хислати Набиев аввалин маротиба дар замони шӯравӣ, вақте ки котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон буд, овозаю дарвоза шуда буд. Нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта, ҳангоми бозсозии горбачёвӣ дар СССР, ба Тоҷикистон демократ Борис Елтсин ташриф овард. Ташрифи ӯ ба таҷлили ҷашни 90-солагии воридшавии ВМБК ба Русия рост омад. Набиев ҳамчун сарвари Тоҷикистон Елтсинро ба ин тантана даъват кард. Мегӯянд, ки дар майхорагии он замонаи котиби якуми ҳизб Гулҷаҳон Бобосодиқова даст дошт, то Набиевро ба ин васила беобрӯ намоянд ва аз вазифа сабукдӯш кунанд. Ин ба бадхоҳони Набиев, ки ӯ бо Елтсин ҳамқадаҳ шуда, сархушӣ мекард, муяссар шуд. Ин «подстава» боис шуд, ки Раҳмон Набиева воқеан аз маснади Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон сабукдӯш шавад ва ҷойи ӯро Қаҳҳор Маҳкамов ишғол намояд. Баъдтар дар паи бозсозӣ ба таври «автоматӣ» Президенти РСС Тоҷикистон «интихоб шавад». Аммо пас аз пошхӯрии СССР Қ. Маҳкамов маҷбур шуд зери таъсири қувваҳои демократӣ ва ҳамфикрони онҳо дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон истеъфо бидиҳад. Бози давлат боз ба китфи Р. Набиев нишасту ӯ президент интихоб гардид. Вале ҳолдонҳо мегӯянд, ки ӯ ҳамеша сархуш кору фаъолият мекард.Майхорагии Р. Набиевро чанд тан иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон низ таъкид кардаанд.
Коняки ноштоии директори Еврокомиссия
Таблоиди (расонаи) Британия «The Sun» иттилоъ паҳн карда буд, ки директори Еврокомиссия Жан-Клод Юнкер ҳангоми гуфтушунидҳо доир ба Кипр дар Женева аҷаб рафторҳое мекард. Бинобар гуфтаҳои дипломатҳо, ки расона ба онҳо такя мекунад, «Юнкер воқеан масти лояқил буд. Ӯ аз таҳти дил хушҳолӣ менамуд, ки аз назарҳо пинҳон намонд, — гуфтааст яке аз дипломатҳо. – Вай гоҳе ба ашёҳои кабинет бармехӯрд ва бо ёрдамчии ҷавонаш шӯхиҳо мекард. Хулоса, ӯ рафтори шигифтоваре зоҳир менамуд, ки ин атрофиёнро нороҳат месохт».
12 январи соли 2017 ВАО-и Аврупо низ ба рафтори аҷиби сарвари Еврокомиссия таваҷҷуҳ намуданд. Юнкер дар конфронси Кипр лидерҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро шӯхикунон рӯю лунҷашонро бо даст навозиш мекард. Ин мансабдори баландпояи Аврупо одати дар вақти ношто нӯшидани конякро доштааст. Моҳи июли соли 2016 рӯзномаи «Le Soiz» навишта буд, ки «Юнкер нӯшидани коктейлҳоро хеле меписандид. «Тамокукаши ашаддӣ аз истеъмоли маю ҷин-тоник рӯй наметобад”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply