Кушодани намозхона дар фурудгоҳҳову фурӯшгоҳҳои калон

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон дар фикри дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурӯшгоҳҳои бузурги ин кишвар кушодани хонаҳои алоҳида барои адои намоз шудаанд.

Вазири дин ва ҷомиаи шаҳрвандии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев гуфт, аз диндорон ба вазорати онҳо дар бораи кушодани намозхонаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дархостҳои зиёд мерасанд.

Нурлан Ермекбоев, ки дар барномаи «Слуги народа” («Хидматгорони мардум”) дар шабакаи телевизионии КТК сӯҳбат мекард, гуфт, вазорати дин ва ҷомиаи шаҳрвандӣ феълан дар ҳоли баррасии пешниҳоди кушодани намозхонаҳо дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои бузурги роҳи оҳан ва фурӯшгоҳҳову марказҳои фароғатӣ мебошад.

Нурлан Ермекбоев дар мусоҳиба бо ровии барномаи «Хидматгорони мардум” аз ҷумла гуфт: «Ин масъала дар вақтҳои охир зиёд бардошта мешавад, диндорони зиёде дархост мекунанд, ки дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва шояд дар марказҳои тиҷоративу фароғатӣ намозхонаҳо кушода шаванд. Мо ҳоло ин масъаларо бо дарназардошти фикри ҳам мусалмононе, ки фаризаҳои мазҳабиро фаъолона риоя мекунанд ва ҳам фикри бахши дигари аҳолӣ омӯхта истодаем.”

Як масъалаи умда, ба гуфтаи вазири қазоқ, пайдо кардани макони адои намоз аст, ки ҳамаи ҷонибҳоро қаноат дода битавонад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply