Қирғизистон ва Ӯзбекистон масъалаи барқарории гардиши автобус байни ду кишварро баррасӣ мекунанд.

ДИН ВА ҶОМЕА, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Аширбек Темирбоев, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар ҷаласаи порлумонии кишвараш гуфт, ки бо ҷониби Ӯзбекистон дар масъалаи барқарории гардиши автобус байни ду кишвар гуфтугӯҳо идома доранд.

Ба гуфтаи вай, дар доираи сафари ҳайати Қирғизистон ба шаҳри Тошканд дар таърихи 25 декабр масъалаи барқарории гардиши автобус дар масири Ӯш-Тошканд, Ӯш-Фарғона, Ӯш-Андиҷон, инчунин аз шаҳрҳои Ӯзбекистон ба Ҷалолободу Қизил-Киюи Қирғизистон баррасӣ шудааст.

Темирбоев афзуд, дар наздикиҳои фасли баҳор гардиши қатора дар масири Тошканд-Бишкек-Балиқчӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

«Бар асоси созишҳо, ҳафтае як маротиба дар ин масир қатораи Роҳи оҳани Ӯзбекистон равуо мекунад», — гуфт Темирбоев.

Пештар аз ин, 23 декабр, ширкати Air Manas парвози доимиро дар масири Бишкек-Тошканд шуруъ кард. Ин ширкат ҳафтае ду маротиба дар масири мазкур парвоз анҷом медиҳад. Ҳамчунин ҳафтае пеш дар масири Ӯш-Тошканд парвози ҳавопаймоҳо шуруъ шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply