Имом-хатиб:Онҳо ба зиндони бепул, ғизои бепул…одат кардаанд ва бояд қатл шаванд

ДИН ВА ҶОМЕА, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Шермурод Тоғай, имом-хатиби масҷиди «Тинҷилик» (Оромӣ)-и шаҳри Тошканд, пешниҳод кард, ки аъзои гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ва пайравони ҳизби мамнӯи «Таҳрир» ба ҳукми қатл маҳкум шаванд.

Тоғай дар гузашта бо пешниҳоду изҳороти баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф буд.Пешниҳоди ахири Шермурод Тоғай низ рӯзи 28-уми ноябр дар саҳифаи Фейсбук нашр шуд. Ӯ гуфтааст: «нисбат ба онҳо бояд аз ҷазое кор гирифт, ки дар кишварҳои исломӣ ҷорист. Набояд ба душманони дину мардум, ки монеи рушд ҳастанд, раҳм кард. Онҳо ба зиндони бепул, ғизои бепул ва шароити бепул одат кардаанд. Аз онҳо ҳеч фоида нест.»Шермурод Тоғай гуфт, «мо мебинем, ки дар дунё чӣ мегузарад. Онҳо масҷидеро дар нимҷазираи Синои Миср тарконданд. Ман ин пешниҳодро ба хотири оромии мардум кардам. Намедонам, кӣ чӣ гуна андешаи маро мепазирад. Аммо ҳарфи ниҳоиро дар ин маврид раҳбарияти кишвар мегӯяд.»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply