Фейсбуку ютуб ва интстаграм кушода намешаванд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон хабар доданд, ки рӯзи 16 декабр дастрасӣ ба баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шудааст. Маҳамбет Абҷон дар шаҳри Остона гуфтааст, ҳангоми талоши кушодани Фейсбук, Инстаграм ва Ютуб навиштаи «Интернет нест» рӯйи экран пайдо мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Твиттерро ба сахтӣ боз мекунанд. Раҳбари созмони «Ак жебе» Мақсуд Насибулов низ хабари дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоиро тасдиқ кард, вале гуфт, ки шабакаи русии “ВКонтакте” кор мекунад. Ютуб, Фейсбук, Инстаграм ва почтаи Gmail низ  дар шаҳри Алмаато боз нашуданд. Дар Қазоқистон солҳои охир чунин мушкил пеш меояд. Ягона ширкати миллии фароҳамкунандаи интернет “Казахтелеком” ин вазъро ба мушкили фаннӣ, бахусус мушкили компютеру телефонҳои сокинон марбут донистааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply