Дар инҷо зану фарзандони ҷангиюн нигоҳ дошта мешаванд

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Телевизиони «Россия Сегодня” аз урдугоҳе дар Мосул, ки мақомоти Ироқ 1400 зану фарзандони ҷангҷӯёни ДОИШро нигоҳ медоранд, гузориши видеоӣ таҳия кардааст. Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, дар инҷо ҳудуди 10 нафар аз занону кӯдакони ҷангиёни тоҷик низ ҳастанд.

Мурад Газдиев, хабарнигори шабакаи телевизионии «Россия Сегодня” аз урдугоҳе дар ҷануби шаҳри Мосули Ироқ, ки дар он ҳудуди 1400 зану фарзандони ҷангҷӯёни созмони тундрави «Давлати исломӣ” (ДОИШ)-ро нигоҳ медоранд, гузориши видеоӣ омода кардааст.

Хабарнигор мегӯяд, ин урдугоҳ зери назари созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милал ва ЮНИСЕФ – Сандуқи кӯдаки Милали Муттаҳид қарор дорад, вале аз наворбардорон хостаанд, ки ба далелҳои амниятӣ чеҳраи бошандагони урдугоҳ ва маҳалли онро пинҳон нигоҳ бидоранд.

Заноне ки дар ин гузориш сӯҳбат мекунанд, мегӯянд, хеле мехоҳанд ба зодгоҳи худ баргарданд. Яке аз онҳо ҳатто хитоб ба модараш илтиҷо мекунад, ки «модарҷон, маро аз инҷо бубар!”

Хабарнигори «Россия Сегодня” мегӯянд, ин занон одамони баркамоланд ва ҷавобгӯи аъмолашон бояд бошанд, вале вой ба ҳоли он кӯдаконе, ки қурбони ин вазъият шуда, ҳатто намедонанд, ки ин рӯзи сиёҳ барои чӣ ба сари онҳо омадааст?

Хабаргузории Ройтерс рӯзи 11 сентябр бо такя ба мақомоти амниятӣ ва имдодии Ироқ хабар дод, ки дар ин кишвар баъди озод кардани шаҳри Мосул 1400 зану фарзандони ҷангҷӯёни созмонитундрави «Давлати исломӣ” (ДОИШ)-ро дастгир кардаанд. Аксари онҳо, бино ба ин гузориш, азТуркияанд, вале»ба гуфтаи афсарони артиш ва ниҳодҳои амниятии Ироқ, як бахшиаъзамаш аз кишварҳои Шӯравии собиқ, ба мисли Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Русиямебошанд. Дар байни онҳо ҳамчунин аз дигар кишварҳои Осиё ва «чанд нафар” азФаронса ва Олмон мебошанд.”

Генерал Салоҳ Карим гуфтааст, дар маҷмӯъ дар инҷо намояндагони 13 кишвар нигоҳ доштамешаванд. Шӯрои паноҳҷӯёни Норвегия, ки ба ин занону фарзандони ҷангҷӯёни ДОИШ ёриҳои имдодӣ мерасонад, шумори зодагони Тоҷикистон дар ин урдугоҳро «ягон 10 нафар” мегӯяд.

Ройтерс менависад, ин занону кӯдаконро дар як урдугоҳ дар ҷануби Мосул нигоҳ медоранд. Аксари онҳоро баъди 30 август, ки ҷангҷӯёни ДОИШ Талафар – яке аз охирин пойгоҳҳои онҳо дар Ироқберун андохта шуданд, ба ин урдугоҳ овардаанд.

Як афсари амниятии Ироқ ба Ройтерс гуфт, онҳо дар ҳоли ҳозир машғули ташхиси шахсияти инзанону кӯдакон бо мақомоти кишварҳои зодгоҳашон мебошанд, чунки аксари занони боздоштшудаягон санаде бо худ надоранд.

Як корманди имдодии Ироқ гуфтааст, ин бузургтарин шумори хориҷиёни марбут ба ДОИШ аст, кидар ҷараёни як соли амалиёти зидди ин гурӯҳи тундрав дар Мосул ва дигар манотиқи шимоли Ироқба даст афтодаанд. Дар сафи ДОИШ дар Ироқу Сурия ҳазорон хориҷӣ меҷангиданд.

Сарҳанг Аҳмад Ал-Тайӣ, фармондеҳи амалиёти Нинева дар Мосул гуфт:»Мо аъзои хонаводаҳоидоишиҳоро таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ нигоҳ медорем ва мунтазири дастуриҳукуматем, ки бо онҳо чӣ кунем? Мо бо онҳо бархӯрди хуб дорем. Онҳо аъзоихонаводаҳои ҷинояткорони ашаддие ҳастанд, ки хунсардона мардуми бегуноҳромекуштанд, вале вақте мо онҳоро бозпурсӣ кардем, маълумамон шуд, ки аксари онҳотаҳти таъсири тарғиботи ДОИШ фирефта шудаанд.”

Як зани чеченитабор, ки ба фаронсавӣ ҳарф мезад ва ба гуфтаи худаш, қаблан дар Порис зиндагӣмекард, гуфтааст,»ман мехоҳам ба Фаронса баргардам, вале намедонам, бо чӣроҳе?”Ӯгуфтааст, аз сарнавишти шавҳараш, ки онҳоро баъди пайвастанаш ба ДОИШ ба Ироқ овард, хабар надорад.

Як афсари амниятӣ гуфт, бисёре аз ин занону кӯдаконро пешмаргаҳои курд дар атрофи шаҳри Талъафар ва бархеро ҳатто ҳамроҳи шавҳарони ҷаннҷӯяшон асир гирифтаанд. Пешмаргаҳои курд занону кӯдаконро ба мақомоти Ироқ супурдаанд, вале асирони мардро пеши худ нигоҳ медоранд.

Бисёре аз хонаводаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ баъди аз даст додани Мосул ба Талъафар паноҳ бурда буданд. Нирӯҳои Ироқ дар поёни моҳи август Талъафарро ҳам, ки бахши аъзами аҳолиашро туркманҳо ташкил медиҳанд ва теъдоди зиёди фармондеҳони ДОИШ аз ҳамин минтақаанд, озод кард. Аз 200 ҳазор аҳолии Талъафар аксараш фирор карданд.

Як мақоми вазорати дохилаи Ироқ ба Ройтерс гуфт, Ироқ мехоҳад бо сафоратҳо масъалаи ба кишварҳои зодгоҳашон баргардондани занону кӯдакони ҷангиёни ДОИШро музокирот кунад: «Мо наметавонем чунин шумори мардумро то дер дар боздоштгоҳҳоямон нигоҳ бидорем.”

Дар ин урдугоҳ ироқиҳое, ки дар даврони султаи ДОИШ зулм дидаанд, ба сар мебаранд. Кормандони созмонҳои имдодӣ мегӯянд, бархеи онҳо мехоҳанд аз занону кӯдакони ҷангҷӯён интиқом бигиранд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз танишҳо занону кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ-ро дар як гӯшаи урдугоҳ ва ироқиҳоро дар гӯшаи дигар ҷой кардаанд.

Манобеи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ба ҳисоби онҳо, дар солҳои охир 1144 шаҳрванди тоҷик ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ ва асосан ба ДОИШ пайвастаанд. Шумори кӯдакони тоҷик дар Сурияву Ироқ, ки падару модаронашон бо худ бурдаанд, то 250 нафар гуфта мешавад.

Чанд рӯз пеш матбуоти Ироқ дар бораи боздошти ҳудуди 200 ҷангии хориҷӣ дар Талъафар гузориш дод ва гуфт, дар байни онҳо тоҷикҳо низ ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои баргардондани занону кӯдакони ҷангиёни тоҷик аз Ироқ талош мекунанд. Вале мушкил дар ин аст, ки Тоҷикистон дар Ироқ сафорат надорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply