Бишкек: Гов як зан ва милисаро зада маҷрӯҳ кард

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Дар маркази шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон як зан мавриди ҳамлаи гове қарор гирифтааст. Дар беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳр ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, ки зан бистарӣ шудааст.

Як корманди пулис низ дар натиҷаи ҳамлаи гов ҷароҳати сабук бардошта, аммо аз муроҷиат ба табибон худдорӣ кардааст.

Ёдрас мешавем, 3 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон акс ва видеои говеро нашр карданд, ки дар маркази Бишкек қарор дошт. Онро баъдан кормандони пулис боз доштанд.

Раёсати умури дохилии Бишкек гуфт, соҳиби гов муайян карда шудааст ва ҳоло ӯ баёнот медиҳад. Бино ба иттилои пешакӣ, феълан масъалаи пардохти хароҷоти табобати зан аз сӯи соҳиби гов баррасӣ мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply