Автобус бо 45 мусофир чаппа шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон дар шоҳроҳи Егиндибулак-Қарағанда як автобуси ҳомили 45 мусофир чаппа шуд.

Дар натиҷа се мусофир захм бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Руслан Имонқулов мегӯяд, ин ҳодиса дар километри 130-и шоҳроҳи Қарағанда-Аягоз-Бугаз рух дод.

Сабаби ҳодисаи мазкур хабар дода намешавад, вале ба далели вазъи бади ҳаво 11 январ ҳаракат дар шаш шоҳроҳи вилоятҳои Қазоқистон, аз ҷумла Қарағанда маҳдуд шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply