Аҷибтарин духтарони ҳиндӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ин духтарон аз сабаби як бемории хос бо номи » синдроми муйи гург» дучори як зиндагии ваҳшатнок шудаанд ва ҳамеша дар орзуи издивоҷ будаанд. Савита 23 сола, Мануша 18 сола ва Совитри 16 сола мисли дигар занҳо ҳастанд, аммо бо ин тафовут, ки бадани онҳо аз сар то по пушида аз муйҳои вахим аст.

Аз ҳар як миллиард як нафар ба ин синдром гирифтор мешавад ва дар ин иттифоқи нодир ва дарднок се духтар аз як хонавода ба сурати генетики ин синдромро доранд. Дар ин бемории хос сулулаҳои ҳар нуқтаи бадан бо суърат рушди муй мекунанд ба сурате ки ҳатто дар руй, пешони ва милкҳо низ муй рушд мекунад.

 

Ин духтарон аҳли минтақае дар ҷануби Ҳиндустон ҳастанд ва маҷбуранд, ки ҳар руз аз креми махсус истифода баранд. Ин хонавода дорои 6 духтаранд, ки сетои онҳо гирифтори ин бемори ҳастанд ва падари ин хонавода низ гирифтори ин бемори буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply