93-то журналист кушта шуданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дар як соли гузашта дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон 93 корманди расонаҳо кушта шудаанд. Масъулони Федератсияи байналмилалии журналистон гуфтанд, бисёре аз ин хабарнигорон ҳангоми адои вазифа дар Ироқу Афғонистон, Мексика, Яман ва Сурия қурбон шуданд. Дар ин қатор исми Павел Шеремет, корманди «Ҳақиқати Украина» ҳам дарҷ шудааст. Соли 2015 дар ҷаҳон 112 журналист кушта шуда буд. Филипп Лерут, президенти Федератсияи байналмилалии журналистон, рӯзи 31 декабр гуфт, аз ҳамагуна коҳиши хушунат алайҳи хабарнигорон истиқбол мекунад, аммо ҳамзамон афзуд, «ин омор ва ҳамлаҳо алайҳи журналистон моро ором гузошта наметавонад».


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply