8 гоникаҳои Натали Сулман 8-сола шуданд

ДИН ВА ҶОМЕА, Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ба гумонам ҳамаи шумо дар хотир доред занеро, ки дар соли 2009 ба як бор 8 тифлро ба дунё оварда буд? Он вақт хабари 8 гоника таваллуд кардани Натали Сулман тамоми Амрикоро моту ҳайратзада карда буд, зеро ҳамаи 8 тифлак комилан солиму бардам ба дунё омада буданд.

Он замон Натали аллакай соҳиби 6 фарзанд буд.

Ҳашгонико Ноа, Мали, Исайя, Нария, Джон,Макай, Джозайя ва Джеремайя ном доранд.

Натали тасмим дорад, ки мактабро хатм намуда, соҳибмаълумот гардад ва барои таъмини мустақилонаи иқтисодии тифлаконаш  бикӯшад.

Агар ман рӯзи дароз ба коре машғул нашуда, дар рӯйи кат дароз кашида телевизор тамошо мекардам ва баҳри ояндаи хуби фарзандонам накӯшам ин худхоҳӣ хоҳад буд мегӯяд Натали

Мушоҳидаи бузургшавии ин ҳаштгоника хело аҷи аст.

Ба наздики ин тифлакон ҳаштумин  зодрӯзи хешро ҷашн гирифтанд

Дар зодрӯзашон онҳо питзои вегитерянӣ ва кулчақанд истеъмол намуданд.

Онҳо хело хушҳол ба назар мерасиданд

Ҳоло Натали бо 14 кӯдак дар ҳавлии хурде,ки ҳамагӣ 3 хонаи хоб дорад, дар наздикии Лос Анҷелас зиндагӣ мекунад

Тарбияи 14 тифл барои модаританҳо кори саҳлу осон нест. Вале имрӯзҳо, ки кӯдакон каме калон шудаанд кори Наталӣ осонтар гаштааст

Онҳо ёрдамчии модар ҳам шудаанд.

Бисёр хуб аст, ки ин оили калон хушу хурам зиндагонӣ доранд ва саломатии ҳамаи ин ҳаштгонико хуб аст

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply