Ҷалилов: Депутатҳо бояд ду зан ва вазирон се зан гиранд

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов эълон кард, ки зани дуюм гирифтааст.

Муфтии собиқ аз мардони дигар ҳам даъват кард, ки ба вай пайравӣ кунанд ва агар тавонашро дошта бошанд, зани дуюм бигиранд. Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Қирғизистон ҳушдор додаанд, ки ба додситонӣ аз Чӯбак-ҳоҷӣ шикоят хоҳанд бурд.

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов, ки бо баёнияҳои баҳсбарангезаш машҳур шудааст, дар як видео дар каналаш – «Насаат медиа” – дар пойгоҳи интернетии Ютуб эълон кард, ки зани дуюм гирифтааст.

Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар ин видео мегӯяд: «Бале, ман издивоҷ кардам, вале аз ҳамсари аввалам ҷудо нашудам. Ҳамсари калониаш каме озурда шудааст, вале ҳамааш хуб мешавад… Ман зиёд хоҳиши зангирӣ надоштам, вале мехостам ба мардум намуна нишон бидиҳам. Ба назари ман, онҳое, ки тавонашро доранд, бояд зан бигиранд. Ба ҳамсарони онҳо тавсия медиҳам, ки бигзор гиря кунанд, вале дар кӯча ҷанҷол набардоранд. Ин дар суннати мо ҳаст. Ман кори дуруст кардам, ки зан гирифтам.Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов гуфт, ҳамсари дуюми вай 30 сол дошта, аз шавҳари қаблиаш ҷудо шуда буд ва қаблан дар Туркия ба ҳайси парастор кор кардааст. Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов қаблан ҳам аз бисёрзанӣ пуштибонӣ мекард ва талаб дошт, ки дар Қирғизистон ба бисёрзанӣ иҷозат бидиҳанд: «Дар Қирғизистон шумораи занони бешавҳар назар ба мардон 58 ҳазор бештар аст. Онҳо интихоби зиёде надоранд: Ё шавҳари хитоӣ кардан, ё бе шавҳар мондан ваё зани дуюм шудан. Яъне 58 ҳазор мард бояд зани дуюм бигиранд.”Муфтии собиқ ҳамчунин хоста буд, то дар масъалаи гирифтани чанд зан сиёсатмадорони қирғиз худ намунаи ибрат шаванд: «Ба ақидаи ман, вакили парлумон бояд касе шавад, ки ду зан дорад. Оне ки ду занро таъмин карда метавонад, тавони ҳалли мушкилоти мардумро ҳам дорад… Вазирон бояд се зан дошта бошанд, вагарна лоиқи мақоми баланд нестанд. Раисиҷумҳур бояд 4 зан дошта бошад.”Аммо тибқи қонунгузории Қирғизистон, бисёрзанӣ дар ин кишвар мамнӯъ буда, барояш ҳамчун муҷозот то ду соли зиндон пешбинӣ шудааст.Эътирофи муфтии собиқ дар бораи гирифтани зани дуюм мавҷи эътирозҳои ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Қирғизистонро ба бор овард. Азиза Абдурасулова, разбари маркази ҳуқуқи башари «Қилим шами” гуфт, аз додситонӣ талаб хоҳад кард, то ба суханронии ахири Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов баҳои ҳуқуқӣ бидиҳад: «Дар ин видео Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов бо забони худаш иқрор мекунад, ки дидаву дониста қонунҳои кишварро вайрон кардааст. Бар илова, ӯ аз шаҳрвандони дигар ҳам даъват мекунад, ки қонуншиканӣ кунанд. Аз ин рӯ, созмони «Қилим шами” расман ба додситонии шаҳри Бишкек муроҷиат хоҳад кард.”Дини Ислом вобаста ба имконоти мард ва таҳти шароити хос то 4 зан гирифтанро иҷозат медиҳад. Вале ҳар кадоми ин ҳамсарҳо бояд соҳиби имтиёзҳои мушаххас, аз ҷумлаи нафақаи муносиб ва манзили худ бошанд ва мард бояд баробариро байни онҳо таъмин кунад.Вале қонунгузории дунявии кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Марказӣ бисёрзаниро иҷозат намедиҳад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply