Жириновский: Таҳдид мекунем, ҳамаатонро мепарронем! (Видео)

Видео, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Владимир Жириновский, сиёсатмадори моҷароҷӯи рус,ки ӯро баъзан “масхарабози Кремл” ҳам мегуянд, дар як барномаи телевизионии “60 дақиқа”,ки дар шабакаи “Россия 1” пахш гардид, ба таҳдиди рӯирост нисбати мардуми Украина даст зад ва ҳатто дар ҳузури миллионҳо тамошобин ба сиёсатшинос Трюхан, ки дар ин барнома ширкат менамуд, таҳдид кард,ки ҳамаи онҳоро мепарронанд. Рафтори зиддиахлоқии Жириновскийро барандаи барнома хост пешгирӣ намояд, ва таъкид намуд,ки вай дар интихоботи президентӣ номзадии худро гузоштааст, вале “масхарабоз” бо таҳдид ба сиёсатмадор аз ҷои худ ба тарифи ӯ ҳамла карданӣ шуд. Баъдан Трюхан маҷбур шуд.ки барномаро тарк кунад. Вақти тарки барнома аз паси ӯ Жириновский “маслиҳат” дод: “ Ба вокзал нарав,ки туро ҳабс мекунанд”

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply