ВКХ: Иддаои Умар Софӣ «дасиса» аст!

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иддаои раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон дар мавриди тармим ва бозсозии танкҳо ва васоили ҷангии гурӯҳи Толибон дар қаламрави Тоҷикистонро радд кард ва онро «дасиса» хонд.

Раиси пешини вилояти Кундуз Умар Софӣ авоили моҳи моҳи ҷорӣ дар як сӯҳбат ба радиои паштузабони «Spogmai» иддао карда буд, ки танкҳо ва васоили вазнини ҷангии гурӯҳи Толибон, аз тарафи муҳандисони рус дар хоки Тоҷикистон таъмир мешаванд.

Аммо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12 январ гуфт, ки баёнияи волӣ ё раиси собиқи вилояти Кундузи Афғонистон роҷеъ ба тармими танкҳои Толибон дар ҳудуди Тоҷикистон “дасиса” аст, ки метавонад дар ҷомеаи Афғонистон аз ин кишвари ҳамсоя, тасвири манфӣ гузорад.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон омадааст, ки «чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистонро, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд.»

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кардааст, ки «ба ҷои таҳлили амиқи мушкилоте, ки Афғонистон аз сари худ мегузаронад, омилҳои таъсиромез ба вазъият дар ин кишвар ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин мушкилот, намояндагони расмии Кобул масири номуайянеро пеша кардаанд”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply