Туркманистон нисфи кормандонашро аз кор пеш кард

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Мақомоти Туркманистон тасмим доранд, шумори кормандони муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти қудратиро кам кунанд.

«Моҳи январи соли 2018 дар вилояти Лебап наздики 1000 корманди пулисро кам мекунанд. Ҳамаи муассисаҳои дигарро ҳам ихтисор интизор аст. Ба ҷуз ин, ба таври ҳатмӣ ҳамаи нафақахӯрон аз кор озод ва ё бо ними маош кор мекунанд», — гуфт як манбаи огоҳ аз вазъ.

«Дар вилояти Лебап ва дигар вилоятҳо ҷойҳои корӣ дар идораҳои маҳаллии вазорати корҳои дохилӣ кам мешавад. Ин навгонӣ дар шуъбаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ҳам амалӣ мешавад. Бархе кормандони пулис дар бораи комилан баста шудани ин муассиса хабар медиҳанд», — гуфт манбаъ.

Расонаҳои маҳаллӣ дар бораи то 30 дарсад кам шудани кормандони муассисаҳои давлатӣ аз ибтилои соли оянда, хабар доданд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ҳамаи муассисаҳои буҷавӣ, аз ҷумла бахши нафту газ дастур гирифтаанд, ки то 30 дарсади кормандонашонро ихтисор кунанд. Дастури мазкур танҳо ба мактабҳои миёна дахл надорад.

Миёнаҳои моҳи ноябр дар бораи кам кардани шумори кормандони бахши обёрӣ ва нафту газ хабар расида буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply