Тоҷикистон Толибонро эътироф намекунад

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Русия ва Чин ба хотири таъмини амнияти кишварҳои минтақа, бо ҷунбиши Толибон вориди гуфтугӯ шудаанд.

Худойбердӣ Холиқназар рӯзи 9 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки фаъол шудани гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» сабаб шудааст, ки Русия ва Чин ба унвони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои муқобала ба ин гурӯҳ, бо ҳаракати Толибон вориди музокирот шаванд.

Раиси маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар посух ба ин суоли расонаҳо,ки оё Тоҷикистон ба унвони кишвари шарики Русия ва Чин дар ин гуфтугӯҳо низ шарик ҳаст ё на гуфтааст, ки “Тоҷикистон танҳо ҳукумати қонунии Афғонистонро эътироф мекунад ва бо ҳеҷ гурӯҳи дигаре дар қаламрави ин кишвар музокирот намекунад.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply